wrapper

Эълон

  1. МД “Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ” барои пайдо кардани ҳуқуқи хизматрасонӣ бо нақлиёти автомобилии мусофирбарии автобусҳои хурд (микроавтобус) дар хатсайри мунтазами шаҳрии шаҳри Бохтар оид ба ҳамлу нақли мусофирон озмун (тендер)  эълон менамояд, ки рўзи «30» марти соли 2021  дар суроғаи шањри Бохтар, хиёбони Ваҳдат-42  баргузор мегардад.
  2. Дар озмун (тендер) лоти (хатсайрҳои) зерин пешниҳод мегарданд:

№ лот

Номгўи хатсайрњо

1

Бозори Фаровон – Беморхонаи вилояти ба номи Б. Воњидов  

  1. Дар озмун (тендер) ҳама гуна шахсони воќеї ва ҳуқуқӣ, новобаста аз шакли моликияташон, ки воситаи нақлиёти худро доранд, ё тибқи қонун дар асоси шартнома њамкорї доранд, иштирок карда метавонанд.
  2. Хоҳишмандони иштирок дар озмун (тендер) барои гирифтани маҷмўи ҳуҷҷатҳои озмун (тендер) бояд ба ташкилкунандаи озмун (тендер) ба суроғаи шањри Бохтар,  хиёбони Вањдат-42  бо дархости хаттӣ муроҷиат намоянд:
  3. Арзиши иштирок дар як лоти озмун (тендер) дар асоси нархномаи бо Хадамоти зиддиинњисории назди Њукумати Љумњурии Тољикистон мувофиќашуда, њисоб карда мешавад.
  4. Муҳлати интиҳоии қабули дархостҳо барои гирифтани ҳуҷҷатҳои озмун (тендер) то «27» марти соли 2021 мебошад.
  5. “10” марти соли 2021 Комиссияи озмун (тендер) аз рўи масоили гузаронидани озмун (тендер) Конфронси озмун (тендер)  баргузор менамояд.
  6. Барои маълумот бо телефони 93 980 04 35 ва 93 980 04 36 муроҷиат намоед.

Маълумот дар бораи лоиҳаҳои муассиса

 Дар  муассисаи давлатии “Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ” лоиҳаҳои инвеститсионӣ: “Маркази ягонаи иттилоотӣ-логистикӣ”, “Корти миллии рақамии системаи тахограф” таҳия шудааст, ки барои  омўзиш ва дастгирии молиявӣ ба институтҳои молиявии ҷаҳонӣ ташкилотҳои байналмилалии  шарикони рушди кишвар пешниҳод карда шудаанд.

-----