wrapper

Маълумот дар бораи муносибатҳои байналмилалӣ

  Байни Муассисаи давлатии “Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ” ва ширкати дар шаҳри Бухарести Ҷумҳурии Румыния  мақомои ваколатдори   Иттиҳодия Аврупо Созишнома   дар бораи таъмини  воситаҳои нақлиёти автомобилии байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба  кортҳои тахографи рақамӣ баста шудааст.

Ба робита ба ин, аз  Ҷониби  мутахассисони муассиса санади   меъёрии ҳуқуқи “Дар бораи қоидаҳои истифодабарии тахографҳои рақамӣ дар ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ” Ҷиҳати танзими соҳаи  мазкур қабул гардида, дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст.

ҳоло аз Ҷониби мутахассисони муассиса тибқи тартиби муқарраргардида бо назардошти дархости ронандагон (корхонаҳои нақлиётии ҳамлу нақли байналмилалӣ) дар мувофиқа ва аз Ҷониби мақоми ваколатдори Иттиҳодияи Аврупо -Ҷумҳурии Руминия, картаи тахографи рақамӣ барои ронандагон дода мешаванд ва ин раванд тибқи тартиби муқарраргардида идома дорад.  Картаи тахографи рақамӣ бобати таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ хусусан дар ҳамли нақли байналмилалӣ чорасоз буда, риояи реҷаи кор ва истироҳати  ронандаро таъмин менамояд.

ҳамкорӣ бо кишварҳои хориҷии дуру наздик дар соҳаи ҳамлу нақли байналмилалии бору мусофирон   дар доираи созишномаҳои амалкунандаи байналмилалии дуҷониба ва бисёрҷониба амалӣ карда мешаванд.

Илова бар ин, бо мақсади   дарёфти манбаҳои кумаки молиявӣ  кор бо сармоягузорони ватанӣ ва хориҷӣ  рафта истодааст.  Аз ҷумла, дар ин самт ҳамкорӣ бо ташкилотҳои моливии байналмилалии шарикони рушди кишвар аз Ҷумҳурии Олмон, Япония ва ғайраҳо      («USAID”,  “Giz” ва “Jaika”) ба роҳ монда шудааст.