Амалиёти “Роҳхату борхат”
2023-04-18 03:34:03
Раёсати Муассисаи давлатии “Нақлиёти автомобилӣ ва
хизматрасонии логистики” - и Вазорати
нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар
минтақаи Кўлоб, тибқи фармоиши директори МД “Нақлиёти автомобилӣ ва
хизматрасонии логистикӣ” №37 аз
05.04.2023, дар бораи гузаронидани амалиёти “Роҳхату борхат” чор гурўҳи корӣ ташкил намуда, дар ҳамдастӣ бо кормандони Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт, дар шаҳри Кўлоб, ноҳияҳои Восеъ, М.А.Ҳамадонӣ, Фархор ва Данғара корҳои санҷишию профилактикиро ба роҳ мондаанд. Ҳадаф аз гузаронидани амалиёти
мазкур, ба низом даровардани фаъолияти бахши нақлиёти автомобилии шомили
корхона ва ҷамъиятҳои нақлиётӣ унвон
мешавад.