ВАЗОРАТИ НАҚЛИЁТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ "НАҚЛИЁТИ АВТОМОБИЛИ ВА ХИЗМАТРАСОНИИ ЛОГИСТИКИ"

Фаъолияти Раёсати Муассисаи давлатии “НА ва ХЛ” дар минтақаи Бохтар

2023-04-18 07:06:44

Давоми ҳафтаи сипаригардида, (7.04.2023 то 14.04.2023) Раёсати муассисаи давлатии “Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ” дар минтақаи Бохтар, корхонаю ташкилот ва ҷамъиятҳои нақлиёти автомобилии ин минтақаро бо 3680 адад роҳхати тасдиқгардида таъмин намуд. Аз ҷумла, 1630 роҳхати шакли 2Б,  роҳхати шакли 3С 1770, роҳхати шакли 1А 80 адад ва 200 адад  замимаи 2.  
Дар ин давра ба шуъбаи хизматрасониҳои логистикӣ, рақамикунонӣ ва омор 1318 адад роҳхат ва борхат барои коркард супорида шуд, ки аз он 1122 роҳхати шакли 2Б ва 196 замимаи -2  мебошад.
Инчунин мувофики барнома ва нақшаи таълимӣ дар 5 ҷамъияти нақлиётӣ дарсҳои омўзиши «Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва одоби баланди муошират бо мусофирон» ҷараён дорад. Раёсати муассисаи давлатии “Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ” дар минтақаи Бохтар баҳри таъсис додани маркази иттилоотии электронӣ бо корхона, ҷамъият ва муассисаҳои нақлиётӣ ҳамкори намуда,  барои таҳия ва омода намудани таҷҳизоти муосири техникӣ ҳамвора кор мебарад. Айни замон дар самти рақамикунонии соҳа 7 корхонаи нақлиётӣ бо ин барнома пайваст шуда, корҳои омўзиши дар дигар ҷамъиятҳои  нақлиёти автомобилӣ бо маром идома дорад.
Агент-экспедиторон дар доираи талаботи дастурамали вазифавии худ, оид ба расмиятдарории борҳои интиқолшаванда, 2169 тонна маҳсулот аз ҷумла, 80 тонна сабзӣ, 560 тонна пиёз, 108 тонна ҷуворимакка ва 748 тонна дигар намуди маҳсулоти хоҷагии халқро, ки аз минтақа содирот шудааст ба қайд гирифтанд.