Байни Вазорати нақлиёт, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ва Маркази байналмилалии дипломатияи нақлиёт санади ҳамкорӣ ба имзо расид
2023-04-25 09:18:28
Байни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази байналмилалии
дипломатияи нақлиётӣ ва Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад
Осимӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт ба имзо расид.
Санади мазкур дар ҳошияи ҷаласаи 46-уми Шӯрои
байниҳукуматии роҳсозони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Конфронси
байналмилалии илмӣ-амалии «Роҳҳои Тоҷикистон: вазъият, мушкилот ва дурнамои
рушд», ки дирӯз дар Душанбе доир гардид, имзо шуд.
Дар доираи санад тарафҳо
дар табодули кормандони ҳамдигар бо мақсади бозомӯзӣ ва шиносоӣ бо дастовардҳои
муосир дар соҳаи нақлиёт ва логистика, инчунин дар рушди рақамикунонии соҳаи
нақлиёти автомобилӣ, сиёсати байналмилалии нақлиёт, барномаҳои таълимӣ ва
тадқиқотӣ дар соҳаи нақлиёт, таҳсилоти дарозмуддат ва хизмати давлатӣ, бозомӯзӣ
ва такмили ихтисоси омӯзгорон, кормандони муассисаҳои давлатии соҳаи
нақлиёт саҳм мегузоранд.
Ҳамзамон дар доираи
Ёддошти тафоҳум ҷонибҳо иштироки муштараки мутахассисон дар конфронсҳо,
семинарҳо, таҷрибаомӯзӣ, намоишгоҳҳо, лоиҳаҳои тадқиқотӣ ва озмунҳоро густариш
дода, барои пешбурди озмуни глобалии корҳои донишҷӯён дар соҳаи занҷирҳои
устувори ҷаҳонии таъминот, ки аллакай аз ҷониби Гурӯҳи дӯстони Созмони Милали
Муттаҳид оид ба нақлиёти устувор ва донишгоҳҳои пешрафтаи байналмилалӣ дар
Аврупо ва Осиё ҷонибдорӣ гардидааст, саъй менамоянд.
Манбаъ: khovar.tj
Манбаъ: khovar.tj