«КОРВОНИ ДӮСТӢ». Роҳпаймоии байналмилалии автомобилӣ барои Тоҷикистон чӣ нафъ хоҳад дошт
2023-04-25 09:30:31
24 апрел дар шаҳри Душанбе Роҳпаймоии VI
байналмилалии автомобилӣ таҳти унвони "Каровони дӯстӣ" оғоз ёфт,
ки онро Шӯрои байниҳукуматии роҳсозон (ШБР) ташкил кардааст. Он аз қаламрави
панҷ давлат - Тоҷикистон, Узбекистон, Туркманистон, Эрон ва Арманистон
мегузарад. Роҳпаймоии байналмилалӣ аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз шаҳри
Душанбе оғоз ёфта, мошинҳо бо масири
Айнӣ - Панҷакент - сарҳади Тоҷикистон бо Узбекистон – Самарқанд - Навоӣ –
Бухоро- сарҳади Узбекистон бо Туркманистон – Туркманобод – Марв - Ашқобод
- сарҳади Туркманистон бо Эрон - Машҳад -Тӯс -Нишопур -Гургон - Сори - Теҳрон
Табрез - сарҳади Эрон бо Арманистон - Мегри – Капан – Ереван
ҳаракат мекунанд. Ҳар
як давлати қабулкунанда ҳангоми ворид шудан ба қаламрави худ
барномаи пазироӣ таҳия намудааст.
Роҳпаймоии байналмилалии автомобилӣ барои иштирокчиени он, аз
ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон аз он ҷиҳат муҳим аст, ки дар ҷараёни он
баргузории панҷ конфронси байналмилалии илмию амалӣ дар шаҳрҳои Душанбе,
Самарқанд, Ашқобод, Теҳрон ва Ереван, инчунин семинари байналмилалии сайёр,
машваратҳо ва вохӯриҳо бо аҳли ҷомеа дар маҳалҳо, ки ба омӯзиш ва
маъмулгардонии корҳои роҳкушоӣ, лоиҳакашӣ, сохтмон ва истифодаи роҳҳо ва нақбу
пулҳо, баланд бардоштани сатҳи бехатарии ҳаракат дар роҳҳо
равона шудаанд, ба нақша гирифта шудаанд. Қобили зикр аст, ки
Тоҷикистон дар Стратегияи миллии рушди худ барои давраи то соли 2030
"баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табдил ёфтан ба кишвари
транзитӣ" - ро ҳамчун ҳадафи стратегӣ муайян кардааст. Аз ин рӯ, ҷумҳурӣ
ба диверсификатсияи (такмилдиҳӣ ва гуногунсозии) долонҳои нақлиётӣ
манфиатдор аст.
Яке аз ҳадафҳои Роҳпаймоии автомобилӣ маҳз беҳтар
кардани гузаргоҳҳои нақлиётӣ дар кишварҳои иштирокчӣ мебошад. Сухан
дар бораи маҷмӯи иншоот(роҳҳо, пулҳо, нақбҳо) меравад, ки барои кам кардани
буриши ҷараёни нақлиёт ва, ба ин васила, барои зиёд кардани қобилияти интиқоли
роҳҳо пешбинӣ шудаанд. Ин ҳама ба ташкили низоми муосири нақлиётӣ
мусоидат мекунанд. Ва асоси чунин низомро долонҳои нақлиётӣ ташкил
медиҳанд, ки интиқоли борҳоро байни кишварҳои гуногун таъмин менамоянд. Ба
ҷуз ин, Роҳпаймоии байналмилалии автомобилӣ ба таҳкими дӯстӣ ва ҳамкорӣ
миёни кишварҳо ва халқҳо мусоидат мекунад. Дар доираи он ширкаткунандагон
аз ҷойҳои фарҳангӣ ва таърихӣ, аз ҷумла шаҳраки Саразм, ёдгории таърихии
қадимаи халқи тоҷик, ки чанде пеш ЮНЕСКО онро ба Рӯйхати мероси фарҳангии ҷаҳон
шомил намуд, дидан мекунанд. Онҳо дар ин мавзеъ бо осори қадимтарин маҳалли
аҳолинишини Осиёи Марказӣ, ки сокинонаш аз ҳазорсолаи чорум то охири ҳазорсолаи
сеюми пеш аз милод зиндагӣ мекарданд, шинос мешаванд. Ба иштирокчиёни
Роҳпаймоии байналмилалии автомобилӣ ҳамзамон имкониятҳои сайёҳии
Тоҷикистон намоиш дода мешаванд. Инчунин онҳо бо анъана ва урфу одатҳои
аҳолии кишварҳо аз тариқи масири ҳаракати "Корвони дӯстӣ", аз
ҷумла сокинони водии Зарафшон ошно мегарданд.
Манбаъ: www.mintrans.tj
Манбаъ: www.mintrans.tj