ВАЗОРАТИ НАҚЛИЁТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ "НАҚЛИЁТИ АВТОМОБИЛИ ВА ХИЗМАТРАСОНИИ ЛОГИСТИКИ"

Боздиди директори Муассисаи давлатии «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ» аз вазъи ҷамъиятҳои нақлиётӣ

2023-05-18 03:28:09

Рўзҳои 15, 17 – уми майи соли ҷорӣ директори Муассисаи давлатии «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ» - и Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмиддин Саломзода аз ҷамъият ва  муассисаҳои нақлиётӣ  дар  вилояти Суғд  дидан намуд. Мавсуф дар ин сафари корӣ аз вазъи фаъолияти ҶСК «Сорбон», ҶСК «АРЗ-4», ҶДММ «Газелтранскомпания» - и шаҳри Хуҷанд, ҶДММ «Сайёр», ҶДММ «Чарх» дар ноҳияи Бобоҷон Ғаффуров, ҶДММ «Умид», ҶДММ «МНА-32», ҶДММ «Аҳадҷон», ҶДММ «Шодиёна» дар ноҳияи Ҷабор Расулов ва аз ҶДММ «Наҷот», ҶДММ «МНА-35», ҶДММ «Танзим», ҶДММ «Арсенал» - и   шаҳри  Исфара аз  наздик шинос шуда, ҷиҳати баратаф намудани камбудӣ ва мушкилиҳои ҷойдошта ба масъулин дастуру супоришҳои муфид дод. Раҳмиддин Саломзода ҳамчунин аз роҳбарон ва ронандагони бахши нақлиёти автомобилӣ дар минтақа  даъват ба амал овард, ки  ҷиҳати боло бурдани сифати хизматрасониҳои нақлиётӣ ва одоби муошират ҳамаҷониба кор баранд.