Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда: Хатари селу лағзиши замин бартараф нашудааст
2023-05-26 10:29:46
Кумитаи
ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон бо такя ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон хабар
медиҳад, ки рӯзҳои 26-27-уми майи соли равон бар асари боронҳои шадид
сатҳи об дар рӯдхонаҳои Ёхсу, Қизилсу (ҷанубӣ) ва дарёҳое, ки аз
қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷорӣ мешаванд, боло меравад. Дар баъзе навоҳии кӯҳиву
наздикӯҳӣ, ба истиснои қисмати шарқии Вилояти Мухтори Кӯҳистон Бадахшон
омадани селҳ, эҳтимоли резиши санг ва ярч дарназар аст. Боронҳои шадид дар минтақаҳои кӯҳиву наздикӯҳӣ метавонанд сабабгори
шуста шудани хок ва ҳаракати он шаванд. Ҳавои номусоид чорвочарониро дар
чарогоҳҳои кӯҳӣ ба мушкил рӯбарӯ хоҳад кард.
Дар робита ба ин, Кумита бори дигар аз сокинон хоҳиш мекунад
аз тадбирҳои бехатарӣ кор бигиранд. Дар ин рузҳо рафтан ба кӯҳ ва
доманакӯҳҳо бо мақсади ҷамъоварии ҳезум, рустаниҳои шифобахш, занбӯруғ ва ғайра ба мақсад мувофиқ нест. Ҳамчунин аз аҳолӣ хоҳиш карда мешавад бештар ба кӯдакон диққат дода, онҳоро беназорат нагузоранд.
Кумита инчунин рафтан ба назди махзанҳои об бо мақсади моҳидориро ҳам маслиҳат намедихад.
Бо мақсади пешгирӣ аз харобиҳои эҳтимолии сел Кумита тавсия медиҳад,
ки сокинон сари вақт ҷӯйбор, селроҳаҳо ва каналҳои атрофи худро
аз ҳар гуна селовардаҳо тоза намуда, то об ба маҷрои худ бе мамониат
ҷорӣ шавад.
Кумита аз сокинон ва меҳмонони кишвар бо эҳтиром хоҳиш мекунад ҳамеша
ба эълону хабарҳои КҲФ, ВКД ва Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон
таваҷҷуҳ намоянд.