ТАВАҶҶУҲ! Аз 1 июн то 31 август ба ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳи Душанбе - Чаноқ маҳдудият ворид мешавад
2023-05-31 04:36:30
Аз 1 июн то 31 августи соли равон маҳдудияти
ҳаракати воситаҳои нақлиёт аз соати 10:00 то 19:00 дар роҳи мошингарди
Душанбе-Чаноқ ҷорӣ карда мешавад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо такя ба маълумоти филиали ширкати Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ҷорӣ гардидани маҳдудият дар роҳи мазкур бо мақсади таъмири куллии аксар минтақаҳои роҳи Душанбе - Чаноқ ба миён омадааст.
Ин маҳдудият ба воситаҳои нақлиёти гаронвазн дахл дошта, ба ҳар як тири пешбаранда на зиёда аз 6 тонна пешбинӣ шудааст.
Икдоми мазкур дар асоси талаботи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Оид ба ҷорӣ намудани маҳдудияти мавсимии ҳаракати воситаҳои нақлиёт
дар роҳҳои истифодаи умум» амалӣ шуда, ҷиҳати эмин нигоҳ доштани роҳ аз
вайроншавии пеш аз муҳлат ва таъмини бехатарии мусофирону ронандагон,
инчунин воситаҳои нақлиёт шароит фароҳам меорад.
Гуфта шудааст, ки чунин иқдом на танҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки
дар аксарияти мамлакатҳои олам роиҷ буда, натиҷаҳои хуб ба бор
овардааст.
АКС: Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон