ВАЗОРАТИ НАҚЛИЁТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ "НАҚЛИЁТИ АВТОМОБИЛИ ВА ХИЗМАТРАСОНИИ ЛОГИСТИКИ"

Таҳлилӣ фаъолияти Раёсати Муассисаи давлатии «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ» дар вилояти Суғд

2023-06-01 10:44:09

Фаъолияти Раёсати Муассисаи давлатии «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ» дар вилояти Суғд аз ҷониби гурўҳи кории муассиса мавриди баррасӣ қарор гирифт. Таҳлилҳо нишон дод, ки  давоми 4 моҳи соли ҷорӣ коркарди электронии роҳхату борхат дар 29 ширкати нақлиёти мусофирбарӣ амали гардида, танҳо дар моҳи май беш аз 15 ҳазор роҳхат тариқи электронӣ коркард шудааст. Ҳисобтҳои оморӣ ва таҳлилӣ вазъи кунунии соҳа нишон дод, ки дар фаъолияти агент-экспедиторон дар минтақаи Суғд  камбудиҳо ҷой доранд. Директори Муассисаи давлатии «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ» - и Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмиддин Саломзода зимни ҷаласаи корӣ барои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, хусусан ҷиҳати ҳарчи бештару хубтар фаро гирифтани ширкату корхонаҳои наќлиётӣ бо техникаву таҷҳизоти муосир дар самти рақамикунонии соҳа, баланд бардоштани этикаи касбии ронандагон  ва ҷонок намудани раванди дарсҳои «Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ» дастуру супоришҳои мушаххас дод.