ВАЗОРАТИ НАҚЛИЁТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ "НАҚЛИЁТИ АВТОМОБИЛИ ВА ХИЗМАТРАСОНИИ ЛОГИСТИКИ"

Дар деҳаи Нақшбандони шаҳри Турсунзода мумфаршкунии роҳи байнидеҳавӣ оғоз шуд

2023-06-07 11:53:32

Дар деҳаи Нақшбандони  Ҷамоати деҳоти 10-солагии Истиқлолият бо иштироки роҳбарияти шаҳри Турсунзода ба мумфаршкунии 1 км роҳи байнидеҳавӣ оғоз бахшиданд. Дар ин хусус   АМИТ «Ховар»  бо такя ба маълумоти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода хабар медиҳад. Иқдоми мазкур бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ва роҳбарияти Ҷамоати деҳоти 10-солагии Истиқлолият аз ҷониби  сокинон ва соҳибкорони бонангу номуси деҳа роҳандозӣ гардида, дар доираи корҳои ободонӣ ҷиҳати сазовор истиқбол гирифтани Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мешавад. Соҳибкорони маҳал нақша доранд, ки дар марҳилаи дуюм, соли 2023 як км роҳи дигарро мумфарш намоянд. Дар маҷмуъ, соли 2023 дар ҳудуди деҳоти 10-солагии Истиқлолият  корҳои таъмиру азнавсозии роҳҳои маҳаллӣ вусъати тоза дошта, зиёда аз 12 км роҳи байнидеҳавӣ бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллӣ ва  сокинону соҳибкорони деҳот пурра таъмиру азнавсозӣ гардидааст.  
                                                                                                                                                                              Манбаъ: khovar.tj