Рух додани се садамаи нақлиётӣ
2023-06-07 12:15:58
Ба маълумоти сомонаи Вазорати корҳои дохилаи
кишвар, 5-уми июни соли ҷорӣ ронандаи автомашинаи тамғаи “Тайота-Каролла”, сокини ноҳияи Ҷ.Балхӣ, зимни
ҳаракат аз самти маркази ноҳия ба тарафи шаҳри Бохтар, дар ҳудуди ҷамоати
деҳоти Золи-Зар, қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя накарда, ба автомашинаи
боркаши тамғаи “Мерседес-Атеко”, ки дар канори рости роҳ таваққуф карда буд,
бархӯрдааст. Дар натиҷа, мусофири дохили автомашинаи тамғаи “Тайота-Каролла”, дар
ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, мусофири дигари автомашинаи мазкур, бо
бардоштани ҷароҳат дар беморхона бистарӣ гардидааст. Садамаи дигари маргбор 6-уми июни соли
2023, дар шоҳроҳи “Душанбе-Ваҳдат-Кулоб”, ба қайд гирифта шудааст. Гуфта мешавад ронандаи автомашинаи тамғаи
“Мерседес-Бенс С-200”, зимни ҳаракат дар
ҳудуди ҷамоати деҳоти К.Исмоилови шаҳри Ваҳдат аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт
набаромада, ноболиғ, ки бо модараш дар канори шоҳроҳ истода буд, пахш намудааст. Дар натиҷа,
хурдсол бо бардоштани ҷароҳати вазнин,
дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Ҳамчунин дар ин рўз, ронандаи
автомашинаи тамғаи «ВАЗ-21070», зимни ҳаракат дар шоҳроҳи «Конибодом-Деҳмой»,
дар ҳудуди деҳаи Ҷаҳонзеб аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба
дарахти канори роҳ бархӯрдааст. Дар натиҷа, ронанда бо бардоштани ҷароҳат, дар ҷойи
ҳодиса ба ҳалокат расида, мусофири ноболиғи автомашинаи мазкур, дар беморхона
бистарӣ гардидааст. Манбаъ: www.vkd.tj