Таъсиси маркази “Шаҳри бехатар” дар ШВКД ноҳияи И.Сомонӣ
2023-06-09 03:28:00
Бо мақсади
таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ
Раҳмон ва талаботи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати насби
камераҳои назоратӣ дар маконҳои ҷамъиятӣ, муассисаю ташкилот,
меҳмонхонаву варзишгоҳҳо, ҷойҳои истироҳатии шаҳрвандон, боғу гулгаштҳо,
хиёбону маконҳои фароғатӣ, толорҳои консертӣ, нуқтаҳои савдою бозорҳо
ва дигар иншооти муҳим аз ҷониби мақомоти милитсия пайваста корҳои
фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешавад.
Қобили зикр аст, ки амалисозии лоиҳаи «Шаҳри бехатар» давоми чанд соли охир, ҷиҳати пешгирии қоидавайронкуниҳои ҳаркат дар роҳ, ошкору дастгиркунии афроди ҷиноятпеша ва таъмини бехатариву амнияти шаҳрвандон мусоидат намуда, то андозае пеши роҳи бетартибиро дар ҳудуди пойтахт гирифтааст. Ин аст, ки лоиҳаи мазкур таҳти назорати бе воситаи роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ қарор дошта, зина ба зина такмил ёфта истодааст. Аз ҷумла, бо ибтикори роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ дар Шуъбаи ВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ маркази хурди назорат ва идоракунии «Шаҳри бехатар» таъсис ёфт, ки дар маросими ифтитоҳи он сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, генерал-майори милитсия Ҳамидзода Бароталӣ Партов, муовинони сардори Раёсат ва сардорони шуъбаҳои корҳои дохилии ноҳияҳои пойтахт ширкат намуданд.

Чуноне
иттилоъ дода шуд, дар марҳилаи аввал дар ин марказ 74 адад камераи
назоратӣ насб карда шуда, маконҳои ҷамъиятӣ зери
назорату корбарии доимӣ қарор дода мешавад.Воқеан, насби
камераҳои назоратӣ талаботи замони муосир ба шумор рафта, дар баробари
ошкору пешгирии ҷинояткорӣ, ҳамзамон бе восита ба манфиати худи
шаҳрвандон буда, амнияту бехатарии онҳо ҳифз карда мешаванд. Вобаста ба
ин, ҳар як шаҳрванд метавонад дар манзили истиқоматӣ, иншооти маишӣ ва
дигар корхонаву идораи худ камераҳои назоратӣ насб намуда, пеш аз ҳама
амнияту бехатарии молу мулки худро таъмин намояд. Мавриди зикр
аст, ки лоиҳаи «Шаҳри бехатар» минбаъд низ такмил ёфта, дар марҳилаи
навбатӣ тамоми маконҳои ҷамъиятии шаҳри Душанбе бо камераҳои бо сифат
таҷҳизонида шуда, дар Шуъбаи корҳои дохилии ҳар як ноҳия чунин марказҳои
хурди назоратбарӣ таъсис дода мешавад.
Бознашр аз сомонаи dushanbepolice.tj