ВАЗОРАТИ НАҚЛИЁТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ "НАҚЛИЁТИ АВТОМОБИЛИ ВА ХИЗМАТРАСОНИИ ЛОГИСТИКИ"

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво то 2 дараҷа паст мешавад

2023-06-13 03:25:02

Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои камабри тағйирёбанда буда, ҳарорат нисбат ба рӯзҳои қаблӣ то 2 дараҷа паст мешавад. Бино ба маълумоти  Агентии обуҳавошиносии кишвар дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат ва эҳтимолан раъду барқ ба амал ояд. Шамол аз самти ғарб бо шиддати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 13+18 ва рӯзона 25+30 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи ҳамин вилоят ҳаво 0+5 дараҷа ва рӯзона 11+16 дараҷа гарм дар назар дошта шудааст. Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш дар назар буда, шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддатнокии то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 20+25 дараҷа, рӯзона 34+39 дараҷа гарм ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 5+10 дараҷа ва рӯзона 21+26 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона 23+28 ва рӯзона 36+41 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 18+23 ва рӯзона 28+33 дараҷа гарм мешавад. Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо асосан бебориш пешгӯӣ мешавад. Дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат ва эҳтимолан раъду барқ ба амал ояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 20+25, рӯзона 32+37 дараҷа гарм дар назар дошта шудааст. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 14+19 дараҷа ва рӯзона 26+31 дараҷа гарм мешавад. Дар Душанбе ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш пешгӯӣ шуда, эҳтимолан раъду барқ ба амал ояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония вазида, чангу ғубор боқӣ мемонад. Ҳаво шабона 22+24 дараҷа ва рӯзона 35+37 дараҷа гарм мешавад