Фаъолияти Раёсати Муассисаи давлатии “НА ва ХЛ” дар минтақаи Бохтар
2023-06-15 13:31:30
Давоми 10 рўзи
аввали моҳи ҷорӣ
аз ҷониби кормандони Раёсати
муассисаи давлатии “Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ” дар
минтақаи Бохтар беш аз 4000 варақаҳои
роҳхат ва борхати шакли тасдиқгардида ба корхонаю ташкилот ва ҷамъиятҳои нақлиёти
автомобилии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дастрас шудааст. Аз шумораи умумӣ
1545 роҳхати шакли 2Б, 1855 роҳхати шакли
3С, роҳхати шакли 1А 50 адад ва боқи
550 адади дигар ба замимаи -2 рост меояд. Ҳамчунин
ба
шуъбаи хизматрасониҳои логистикӣ,
рақамикунони ва омор 547 адад варақаи роҳхат ва борхат барои коркард ва омода
намудани ҳисоботҳои оморӣ
супорида шудааст.