ВАЗОРАТИ НАҚЛИЁТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ "НАҚЛИЁТИ АВТОМОБИЛИ ВА ХИЗМАТРАСОНИИ ЛОГИСТИКИ"

Ҳушдори КҲФ аз ҳавои пурчанг ва омадани селҳо бар асари об шудани пиряхҳо

2023-07-04 04:43:39

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо такя ба маълумоти Агентии ҳавошиносии кишвар хабар медиҳад, ки рӯзҳои 3-5 июли соли ҷорӣ бар асари боди шадиде, ки аз самти ҷанубу ғарб бо суръати 13-18 м/с хоҳад вазид, дар қаламрави вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ҳавои пурчанг дар назар дошта шудааст. Ҳамчунин рӯзҳои 3-5 июл дар як қатор ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавошиносон омадани селро бар асари об шудани пиряхҳо пешгӯӣ мекунанд. Инчунин дар ноҳияҳои ҷудогонаи кӯҳии вилояти Суғд низ омадани селҳо эҳтимол дорад. Дар робита ба ин, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба нафароне, ки гирифтори бемориҳои дил, диабети қанд ва гипертония  мебошад тавсия медиҳад, ки аз эҳтиёт кор бигиранд.  Инчунин ба ронандагон ва дӯстдорони сайру саёҳат тавсия дода мешавад, ки дар ин гуна рӯзҳои пурчанг қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳоро сарфи назар нанамоянд. Дар чунин  рӯзҳо риояи фосила байни мошинҳо хеле муҳим аст, чун эҳтимоли резиши санг аз кӯҳҳо низ зиёд аст.