Дар шаҳри Тошканд мулоқоти ғайрирасмии роҳбарони бахши давлатӣ ва хусусии соҳаи нақлиёт баргузор гардид
2023-07-10 08:35:32
Рўзҳои 6-7 июли соли равон дар шаҳри Тошканд мулоқоти ғайрирасмии роҳбарони бахши давлатӣ
ва хусусии соҳаи нақлиёт баргузор
гардид. Ба маълумоти сомонаи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ин мулоқот ҳайатҳои вазоратҳои нақлиёти Узбекистон,
Тоҷикистон, Қирғизистон, Латвия, Дабири кулли ТРАСЕКА, роҳбарони институтҳои
байналмилалии молиявӣ, инчунин намояндагони тиҷорат дар соҳаи логистика ва
нақлиёт иштирок намуданд. Иттиллоъ дода мешавад, ки дар ин вохурӣ Вазири нақлиёти Ҷумҳурии
Тоҷикистон Азим Иброҳим зимни суханронӣ аз татбиқи
лоиҳаҳои бузурги нақлиётӣ ва инфрасохторӣ ёдовар шуда, иброз доштааст, ки барои
ба даст овардани натиҷаи ягонаи иқтисодӣ, таъмини фаъолияти самараноки нақлиёт
ва рушди киштигардӣ бо истифода аз системаи мултимодалӣ, фаъолсозии бахши
логистика ва фароҳам овардани шароити мусоид барои ҳамаи иштирокчиёни ин соҳа
муҳим аст.