ВАЗОРАТИ НАҚЛИЁТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ "НАҚЛИЁТИ АВТОМОБИЛИ ВА ХИЗМАТРАСОНИИ ЛОГИСТИКИ"

14-15 июл дар Тоҷикистон хокбориш дар назар аст

2023-07-11 03:15:10

Рӯзҳои 14-15-уми июли соли равон дар ҷумҳурӣ бар асари шиддат гирифтани шамол аз самти ҷанубу шарқ бо суръати 13-18 метр дар як сония ба амал омадани гарду чанг ва  хокбориш дар назар дошта шудааст. Дар ин  бора Кумитаи ҳолатхои фавкулодаи кишвар бо такя ба маълумоти  Агентии обуҳавошиноснии мамлакат хабар медиҳад. Гуфта мешавад, ки  дар вилоятҳои Хатлон, Суғд ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бо сабаби шиддатёбии вазиши шамол аз самти ҷанубу-ғарб бо суръати то 13-18 метр дар як сония, дар ноҳияҳои ҷанубӣ бо шиддатнокии то 20-25 метр дар як сония шиддатёбии тӯфони чангу ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳамзамон дар ноҳияҳои ҷанубӣ ва марказии вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои шимолии вилояти Суғд баланд шудани ҳолати ифлосшавии ҳаво  аз моддаҳои муаллақ (чанг) дар назар дошта шудааст. Ба иттилои агентӣ,  11-12 июл дар ноҳияҳои алоҳидаи ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест.