Ҳушдори КҲФ: хатари омадани селҳо бар асари об шудани пиряхҳо боқӣ мемонад
2023-07-13 10:29:30
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждан назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки рӯзҳои 14-17 соли ҷорӣ дар ҳудуди вилоятҳои Хатлон, Суғд, ҳамчунин ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ бар асари шиддати шамол аз самти ҷанубу ғарб ( бо суръати 20-25 м/с ) ва рӯзҳои 15-17 июл дар як қатор ноҳияҳои ғарбии ВМКБ ҳавои пурчангу ғубор дар назар дошта шудааст. Дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои ҷанубӣ в маркзии вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ, навоҳии шимолии вилояти Суғд ва ноҳияҳои ҷанубу шарқии ВМКБ олудагии ҳаво аз ҳисоби зарраҳои чанг ба андозаи 10 мкр (Рм-10) ва 2,5 мкр (Рм-2,5 ) хоҳад буд. Рӯзҳои 13-14 июл дар як қатор ноҳияҳои ВМКБ, вилояти Суғд ва навоҳии тобеъи ҷумҳурӣ хатари селҳо бар асари об шудани пиряхҳо боқӣ мемонад. Дар ҳамин иртибот Кумита такроран ба аҳолӣ муроҷиат мекунад, ки аз эҳтиёт кор бигиранд. Селроҳаҳо, ҷӯй ва каналҳои маҳалли худро ҳамеша тоза нигоҳ доранд, то об бе мамониат берун рафтан тавонад. Дар чунин рӯзҳо рафтан ба доманакӯҳҳову соҳили рӯдхонаҳо барои ҷамъоварии ҳезум, гиёҳҳои доруворӣ, моҳидорӣ ва шикор маслиҳат дода намешавад.