ВАЗОРАТИ НАҚЛИЁТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ "НАҚЛИЁТИ АВТОМОБИЛИ ВА ХИЗМАТРАСОНИИ ЛОГИСТИКИ"

Истифода бурдани рақамҳои қайди давлатии қалбакӣ ҷиноят ҳисобида мешавад!

2023-07-14 06:16:39

Дар робита ба ҳолатҳои истифодаи  рақамҳои қайди давлатии қалбакӣ дар  Вазорати корҳои дохилӣ аз ҳисоби мутахассисони пуртаҷриба Гурӯҳи корӣ вобаста ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст, ки истифодаи рақамҳои қайди давлатии қалбакӣ ҳамчун ҷиноят ба Кодекси мазкур ворид карда мешавад. Тибқи маълумоти Раёсати Вазорати корҳои дохила дар шаҳри Душанбе, тайёр кардан, соҳиб шудан, нигоҳ доштан, интиқол додан, ба соҳибияти каси дигар додан ва таблиғи рақамҳои қалбакӣ, идора намудани воситаи нақлиёт бо рақами қайди давлатии бегона ё рақами қалбакӣ, инчунин барои идора ба шахси дигар додани чунин воситаи нақлиёт ҷиноят ҳисобида шуда, ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ шуда, аз озодӣ маҳрум карда мешаванд.
  Риояи қонунҳои амалкунанда барои ҳамаи шаҳрвандон ҳатмӣ буда, кормандони милитсия вазифадоранд, ки дар доираи ваколатҳои мансабиашон ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои шаҳрвандонро ҳифз намоянд.