ВАЗОРАТИ НАҚЛИЁТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ "НАҚЛИЁТИ АВТОМОБИЛИ ВА ХИЗМАТРАСОНИИ ЛОГИСТИКИ"

Ду ҳодисаи нақлиётии марговар дар як рӯз

2023-07-18 05:50:33

Вазорати корҳои дохилаи кишвар аз ду садамаи мудҳиш хабар дод. Ба маълумоти ин ниҳод 15-уми июл,  ронандаи автомашинаи тамғаи “Тайота-Камри”, зимни ҳаракат дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, муқобили самт  ҳаракат намуда, ба автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, бархурдааст. Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Тайота-Камри” ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта дар беморхона бистарӣ гардида, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, ҳангоми ба беморхона интиқол додан ба ҳалокат расидааст.
Ҳодисаи дигари роҳу нақлиётӣ бо иштироки ронандаи трактори тамғаи “МТЗ-892”, дар ноҳияи Шаҳритус бақайд гирифта шуд. Гуфта мешавад ронанда дар роҳи автомобилгарди кӯчаи Гулистон, деҳаи Лубиёкори ноҳияи мазкур аз уҳдаи идора кардани трактор набаромада, пиёдагарди ноболиғ, ки  дар канори роҳ қарор дошт, пахш намудааст. Дар натиҷа, ноболиғ бо бардоштани ҷароҳати вазнин, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.