Коррупсия монеи рушди босуботи иқтисодию иҷтимоии давлатҳо мегардад
2023-07-28 12:25:29
Ҷумҳурии
Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ мубориза бо коррупсияро ҳамчун самти афзалиятноки
сиёсати давлатӣ қарор дода, ба ташаккули заминаҳои ҳуқуқиву сохторӣ ва таҳкими ҳамкориҳои
байналмилалӣ дар ин самт оғоз намуда буд. Ҳаминро
бояд гуфт, ки дар ин замина як қатор Стратегияҳои
миллӣ ва барномаҳои муқовимат бо коррупсия қабул карда шуд, ки дар онҳо чораҳои
маҷмуии хусусияти ташкиливу ҳуқуқӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва маърифативу фарҳангӣ доштаи вобаста ба муқовимат бо коррупсия пешбинӣ гардидаанд. Дар ҳамин раванд, Муассисаи
давлатии "Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ» ҷиҳати амалисозии Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
барои давраи то соли 2030 нақша чорабиниҳо
таҳия
намуда, барои дар амал татбиқ намудани он шахсони масъули муассиса вазифадор шудаанд. Танҳо
моҳи
июли соли ҷорӣ ҷиҳати
баланд бардоштани савияи дониши ҳуқуқии
кормандони муассиса аз ҷониби Маркази бозомӯзӣ ва такмили ихтисос ва сардорону
сарпарастони соҳа чораҳои иловагӣ таҳия гардида, барои беҳтар намудани фаъолияти корӣ чораҳои таъхирнопазир андешида шуд. Зеро мубориза бо коррупсия ин саҳм гузоштан
дар рушди устувори Тоҷикистони соҳибистиқлол аст. Муассисаи давлатии "Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ» дар оянда низ муқовимат
бо коррупсияро яке аз самтҳои афзалиятнок
миёни кормандони муассиса қарор
дода, дар татбиқи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
барои давраи то соли 2030 саҳми арзандаи худро мегузорад.