ВАЗОРАТИ НАҚЛИЁТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ "НАҚЛИЁТИ АВТОМОБИЛИ ВА ХИЗМАТРАСОНИИ ЛОГИСТИКИ"

Ҷавоби Муассиса ба баҳси роҳхату борхат

2023-08-08 10:17:44

   Муассисаи давлатии “Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ” бо арзи эҳтиром ёдовар мешавад, ки тибқи муқаррароти моддаи 11 Кодекси нақлиёти автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қоидаҳои нақлиёти автомобилӣ талаботи ҳатмиро барои татбиқ ва иҷро нисбат ба субъектҳои муносибатҳои ҳуқуқӣ ҳангоми танзими давлатӣ ва амалӣ намудани фаъолият, муқаррар менамояд. Ҳаминро бояд ёдрас шуд, ки феълан беш аз 90 %  хизматрасониҳои нақлиёти автомобилӣ ба бахши хусусӣ рост меояд. Мутобиқи қисми 1 моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи амнияти нақлиётӣ таъмини амнияти нақлиётии объектҳои инфрасохтори нақлиёт ва воситаҳои нақлиёт ба зиммаи субъектҳои инфрасохтори нақлиёт вогузор карда шудаст. Ҳамзамон, мувофиқи моддаи 41 Кодекси нақлиёти автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нигоҳдории байнибастии воситаҳои нақлиёти истифодаи умум, бояд аз ҷониби интиқолдиҳандагон дар таваққуфгоҳҳои махсус ҷудогардида ва ё дар таваққуфгоҳи дар ҳудуди корхонаҳои нақлиёти автомобилӣ мавҷудбуда, амалӣ карда шаванд. Масъалаи мазкур дар банди 34-и Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2009, №507 низ дарҷ карда шудааст.  Мутаассифона, ин тартиб дар ягон ҷамъияти нақлиёти автомобилии сектори хусусӣ риоя намегардад. Ин омил сабаби он мегардад, ки  ронанда воситаҳои нақлиёти худро ба ҷойи зисташон мебаранд ва рафту омадро барои гузаштани муоинаи техникӣ ва тиббии ҳаррӯза хароҷоти зиёдатӣ ҳисобида, онро ҳамчун сабабу баҳона барои бознигарӣ намудани муҳлати истифодабарии роҳхатҳо асос мекунанд.  Бинобар ин, масъалагузорӣ аз ҷониби баъзе ширкату ронандагон ҷиҳати дароз намудани муҳлати истифодабарии роҳхатҳо ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ ҷавобгӯ шуда наметавонад.  Мувофиқи банди 40 Оинномаи нақлиёти автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2009, №696 тасдиқ шудааст,  гуфта мешавад, ки хизматрасониҳои нақлиётӣ бе бастани шартномаи ҳамлу нақл бо шахсони ҳуқуқие, ки хизмати нақлиётӣ мерасонанд, иҷозат дода намешавад. Оид ба масъалаи зикршуда, дар банди 34-и Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2009, №507 гуфта шудааст, ки воситаҳои нақлиёти автомобилии ба шахсони воқеӣ тааллуқ дошта, бояд дар доираи шахсони ҳуқуқӣ фаъолият намуда, ба корхонаву ҷамъиятҳои нақлиётӣ шомил шаванд. Дар доираи шахси ҳуқуқӣ фаъолият намудан, барои воситаҳои нақлиёти автомобилии истифодаи умум талаботҳои худро дорад. Аз ҷумла, мутобиқи қисмҳои 3 ва 4 моддаи 38 Кодекси нақлиёти автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ронадаи воситаҳои нақлиёти автомобилӣ, ки  ба ҳамлу нақли бору мусофирон машгул аст,  бояд пеш аз басти корӣ ҳатман муоинаи тиббӣ ва техникӣ, инчунин тибқи меъёрҳои муайянгардида сари вақт аз хизматрасониҳои техникӣ ва хизматрасониҳои мавсимии (ХТ-1, ХТ-2 ва ХМ) воситаҳои нақлиётро гузаронанд. Тибқи муқаррароти банди 2.5 Ҳуҷҷати роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (Руководящий документ Республики Таджикистан) РД РТ 50-011-2001, ки дар Агентии стандартизатсия, метрология ва назорати савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти №23 аз 15.10.2001с. ба қайд гирифта шудааст, назорати муоинаи техникӣ ва тиббӣ бояд пеш аз сафари корӣ гузаронида шаванд. Мутаасифона, ин тартиб дар бештар ҷамъияти нақлиёти автомобилии сектори хусусӣ риоя нагардида, сабаби ба ҷамъият саривақт ҳозир нашудани ронандагон мегардад, ки бе гузаштани муоиннаи техникии воситаи нақлиёт ва назорати тиббӣ ронанда ба мусофирбарӣ машғул мешавад. Таҳлилҳо далолат аз он мекунанд, ки ронандагони ҷамъиятҳои нақлиёти автомобилии сектори хусусӣ танҳо  дар рӯзи гирифтани роҳхат, воситаи нақлиётро аз муоинаи техникӣ ва худди ронанда аз назорати корманди тиб мегузараду халос. Боқи бо ҳамин тартиб, аз меъёри меҳнат зиёд фаъолият намуда, (аз 10-16 соат), басти дуюмро ташкил намедиҳанд. Мувофиқи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ронанда бояд 21,2 рӯз ё 170 соат дар як моҳ фаъолият намоянд. Дар аксарияти ҷамъиятҳои нақлиёти автомобилии сектори хусусӣ мутахассисонӣ ҳирфавӣ ба кор ҷалб нашудаанд. Хусусан муҳандисони истифодабарӣ, бехатарии ҳаракат дар роҳ, механикону танзимгарон ва корманди тиб ба кор ҷалб нашудаанд. Мувофиқи меъёрҳои амалкунанда, ба 150 адад воситаи нақлиёти автомобилӣ, бояд як нафарӣ мутахассис дар ҷамъият хизматрасонӣ намоянд. Тибқи тартиби муқарраргардида, воситаҳои нақлиёти автомобилӣ хизматрасониҳои техникӣ (ХТ-1, ХТ-2 ва ХМ) намегузаранд, ки дар натиҷа аз меъёр зиёд фаъолият намуда, коэффитсенти истифодабарӣ аз 0,9 то 0,95 % ташкил медиҳад, ки боиси фалокатҳои роҳу нақлиёт мегардад. Дар воқеъ, барои  фаъолияти босамари корхонаҳо, пурра таъмин намудани талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ҷалби мутахассисони соҳа бениҳоят зарур аст. Таҳлили кормандони РБДА ВКД дар шаҳри Душанбе, нишон медиҳад, ки яке аз  сабабгори асосии ба вуҷуд овардани садамаҳои роҳу нақлиётӣ  ва сарфи назар намудани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, маҳз   ронандагони нақлиёти мусофирбарӣ мебошад. Оиди бартараф намудани камбудиву норасогиҳои ошкоргардида ба роҳбарони  корхонаҳо 42 амрномаи БДА дода шуда, барои сари вақт бартараф накардани камбудиҳои ошкоргардида 30 нафар роҳбарони корхонаву муассисҳои нақлиётӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудаанд. Барои риоя накардани талаботи қоидаҳои амалкунанда бошад дар ҳамин давра нисбат ба 18211 нафар ронандаи воситаҳои нақлиёти мусофирбар чораандешӣ карда шудааст. Қоидавайронкуниҳо аз ҷониби ширкатҳои нақлиётии “ТАКСӢ” дар умум дар ин давра 1133 далел ба қайд гирифта шудааст. Омилҳои зерин дар ҷамъиятҳои нақлиёти автомобилии сектори хусусӣ мавҷуд аст, ки ҳангоми ҳаракати воситаҳои нақлиёти автомобилӣ боиси фалокатҳои роҳу нақлиёт мегардад.
Аз он ҷумла: - нарасидани кадрҳои соҳавӣ;
- нагузаштани муоинаи техникӣ ва тиббии ҳаррӯза;
- нагузаштани хизматрасониҳои техникӣ ва хизматрасониҳои мавсимӣ (ХТ-1, ХТ-2 ва ХМ);
 - иҷро нагардидани реҷаҳои хатсайр (график);
- аз меъёри меҳнат зиёд фаъолият намудани ронандагон дар рӯзи корӣ;
- аз меъёр зиёд фаъолият намудани воситаҳои нақлиёти автомобилӣ;
- нарасидани собиқаи кории ронандагон дар соҳаи мусофирбарӣ;
- мавҷуд набудани хадамоти бехатарии ҳаракат дар роҳ бо нақлиёти автомобилии хизматӣ (мутахассис оид ба бехатарии ҳаракат дар роҳ);
   Масъалаи муҳлати истифодабарии варақаи роҳхат, асосан аз ҷониби баъзе гуруҳҳои маҳдуд, ки манфиатҳои худро болотар аз талаботи қоидаҳои амалкунанда, ки дар натиҷаи таҳлил, баррасӣ ва муҳокимаи мушаххас аз ҷониби вазорату идораҳои дахлдор, коршиносони соҳавӣ қабул гардидаанд болотар монда, мавриди баҳси беасос қарор медиҳанд.
Ҷамъият, ки пайваста муҳлати истифодабарии роҳхатҳоро тамдид кардан мехоҳанд, бевосита аз ҷониби онҳо истифодаи дурусти роҳхат риоя намегардад. Айни замон, таҳлили истифодабарии муҳлати варақаи роҳхат дар таҷрибаи интиқолдиҳандагони давлатҳои ҳамсоя нишон дод, ки Федератсияи Россия барои автобус 2 рӯз, Ҷумҳурии Қазоқистон барои воситаҳои нақлиёти боркаш 1 рӯз, барои воситаҳои нақлиёти сабукрав 1 рӯз ва дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои воситаҳои нақлиёти сабукрав 2 рӯза, дода мешаванд .
Илова бар ин, дар протоколи ҷаласаи кормандони соҳаи нақлиёти мусофирбарии шаҳри Душанбе чунин қарор қабул гардидааст: “Оид ба муҳлати роҳхати ронандагон, ки тибқи супориши мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе набояд аз 3-рӯз зиёд бошад”  Тибқи иттиллои Созмони умумиҷахонии тандурустӣ  ҳамасола дар натиҷаи садамаҳои роҳу нақлиётӣ  дар ҷаҳон беш аз  як милион нафар ҳалок ва  50 млн шахси дигар ҷароҳат мебардоранд, ки албатта  Ҷумҳурии Тоҷикистони азизи мо низ аз ин мушкили канор намондааст.
Бинобар ин, ҳар як ронанда ва хусусан роҳбарони  ҷамъиятҳои нақлиёти автомобилиро зарур аст, дар самти баланд бардоштани маърифати  ронандагон ва риояи санадҳои меъёрю ҳуқукӣ  бо дарки масъулияти баланд кор баранд.
Ҳаминро набояд фаромуш кард, ки тибқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои таъмини бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиёти бору мусофирбар, роҳбарони корхона, ҷамъият ва муассисаҳои нақлиётӣ  уҳдадор мебошанд. Бинобар ин, тағйир додани муҳлати истифодабарии роҳхатҳо аз 3 рўз ба 7 рўз барои воситаҳои нақлиёти мусофирбар ва аз 7 рўз ба 15 рўз барои воситаҳои нақлиёти боркаш зарурат надорад.