ВАЗОРАТИ НАҚЛИЁТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ "НАҚЛИЁТИ АВТОМОБИЛИ ВА ХИЗМАТРАСОНИИ ЛОГИСТИКИ"

Омӯзиши таърихи " Тоҷикон" омили бедории хотираи таърихии миллат.

2022-05-26 05:53:58

       Дар ҷаҳони муосир бо назардошти равандҳои ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди манфиатҳои сиёсӣ бе дарки маърифати таърихӣ ҳеҷ халқу миллат наметавонад ҷойгоҳи худро пайдо кунад. Хушбахтона, дар масири таърих тоҷикон аз зумраи халқҳое мебошанд, ки ба хотираи таърихӣ эҳтиром мегузоранд. Дар асри ХХ, ки нисбат ба андешаи миллӣ таваҷҷуҳ камтар буд, фарзанди фарзонаи тоҷик, академик Бобоҷон Ғафуров инро дарк карда, ба хотири таҳкими андешаи миллӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ ба таърихи миллат рӯ овард. Ин матлаб зимни ҳамоише, ки дирӯз дар Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба омӯзиши дастҷамъонаи китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров бахшида шуда буд, иброз гардид. Дар курси омӯзишӣ кормандони Муассисаи давлатии "Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасониҳои лигистикӣ"-и вазорати нақлиёт дар толори вазорати нақлиёт иштирок намуданд. Устоди факултети таърихи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон Давлатшоҳ Маҳмудов доир ба аҳамияти беназири ин асар дар ташаккули тафаккури миллӣ андешаҳояшро баён намуда, гуфт, ки «муҳимияти ин асари бунёдӣ дар арсаи таърих барои халқи тоҷик ва дигар сокинони давлатҳои пасошӯравӣ он аст, ки дар таърихшиносии миллии ин кишварҳо китоби «Тоҷикон» инқилоби худшиносию худогоҳии миллӣ ба миён овард. Мақсади туҳфаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон — китоби «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров ба ҳар оилаи кишвар низ тақвияти худшиносии миллӣ ва таҳкими давлатдории миллӣ мебошад. Мардуми тоҷикро зарур аст, ки ин китобро пурра мутолиа карда, барои боло бурдани сатҳи худшиносии миллӣ ва сохтани ояндаи дурахшон аз он самаранок истифода намоянд. Ҳар нафаре, ки таърихи миллати худро надонад, аз гузаштаи он бохабар набошад, наметавонад дар шинохти асолати худ қадамҳои устувор гузорад”.