ВАЗОРАТИ НАҚЛИЁТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ "НАҚЛИЁТИ АВТОМОБИЛИ ВА ХИЗМАТРАСОНИИ ЛОГИСТИКИ"

Президентҳои Тоҷикистон ва Узбекистон дар мавриди аз сар гирифтани ҳаракати қатораи мусофирбар дар масири «Душанбе – Тошканд» ба мувофиқа расиданд

2022-06-07 05:04:06

        Аз 20 июн ҳаракати қатораи мусофирбар дар масири «Душанбе – Тошканд», ки дар аввалҳои солҳои 90-ум қатъ гардида буд, аз сар гирифта мешавад. Дар ин бора зимни нишасти матбуотии муштарак Президентҳои Тоҷикистон ва Узбекистон Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев дар Тошканд иттилоъ дода шуд. Ҷонибҳо дар бораи ташаккули долонҳои нави транзитӣ ва таъсиси инфрасохтори замонавии логистикӣ, афзоиши ҳамлу нақли ҳавоӣ, роҳи оҳан ва автобусҳо, ташкили кластерҳои кишоварзӣ ва корхонаҳои замонавии истеҳсолӣ, ташкили коркарди меваю сабзавот ва якҷоя ворид шудан ба бозорҳои кишварҳои сеюм ба мувофиқа расиданд. «Тибқи маълумоти мо, ҳамарӯза ҳудуди 20 ҳазор нафар марзи Тоҷикистон ва Узбекистонро бе мамониат убур мекунанд. Ин рақами хеле муҳим аст. Реҷаи муомилоти озоди молу хизмат таъмин карда шудааст. Ҳаҷми боркашонии ҳавоӣ ва автомобилӣ хеле афзудааст. Мо аҳд кардем, ки дар ояндаи наздик имконияти кушодани нақлиёти роҳи оҳани мусофиркашониро миёни пойтахтҳо ва дигар шаҳрҳои мамлакатҳоямон баррасӣ намоем», — изҳор доштанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
         Тавре аз Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» иттилоъ доданд, қатораи байналмилалии мусофирбар дар як ҳафта як маротиба дар масири зерин ҳаракат мекунад: Душанбе — Қудуклӣ — Сариосиё — Қумқӯрғон — Дарбанд — Деҳқонобод — Қаршӣ — Самарқанд — Ҷиззах — Гулистон — Тошканд. Масофа аз Душанбе то Тошканд 916 километр буда, вақти сафар 21 соатро дар бар мегирад. Тахмин меравад, ки қатора аз 10 вагон иборат хоҳад буд: 1 люкс, 4 купе, вагон-тарабхона ва 4 вагони класси дуюм.
Ҳамчунин хабар доданд, ки мусофирон метавонанд чиптаҳоро аз кассаҳои Роҳи оҳани Тоҷикистон харидорӣ намоянд. 
          Ёдовар мешавем, ки дар чор моҳи аввали соли 2022 ҳаҷми муомилоти мол миёни Узбекистон ва Тоҷикистон ба 173,6 миллион доллар расида, ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 40,5 миллион доллар ё 30,4 фоиз зиёд аст. Ҳамчунин, дар шаш сол гардиши мол миёни Узбекистон ва Тоҷикистон 37 баробар афзоиш ёфтааст. хабар медиҳад АМИТ "Ховар"