ВАЗОРАТИ НАҚЛИЁТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ "НАҚЛИЁТИ АВТОМОБИЛИ ВА ХИЗМАТРАСОНИИ ЛОГИСТИКИ"

Иштирок дар Намоишгоҳи байналмилалии "Нақлиёт ва Логистика" ва Бинес-форуми байналмилалии нақлиётӣ-логистикии New Silk Way

2023-10-06 04:33:32

Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим дар Намоишгоҳи 26-уми байналмилалии "Нақлиёт ва Логистика" (TransLogistica Kazakhstan) ва Бизнес-форуми VI байналмилалии  нақлиётӣ-логистикии "Роҳи Нави Абрешим" (New Silk Way), ки 4 октябр дар Остона дар доираи Oафтаи нақлиётии Қазоқистон ба кор шурӯъ карданд, ширкат варзид.
 
Ифтитоҳи ботантанаи намоишгоҳ дар пойтахти Қазоқистон 4 октябр бо иштироки вазирони нақлиёти Қазоқистон, Тоҷикистон, Узбекистон, Қирғизистон, Туркия, муовинони вазирони нақлиёти Озарбойҷон, Булғористон, Гурҷистон, Латвия, роҳбарони созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла ТРАСЕКА (Барномаи долони нақлиётии Аврупо-Қафқоз-Осиё), Кумиссиони иқтисодии Авруосиё (КИА;ЕЭК), намояндагони ширкатҳои бузурги нақлиётӣ-логистикӣ ва соҳибкорон аз 30 кишвари ҷаҳон баргузор гардид. Дар намоишгоҳ дастовардҳо, лоиҳаҳо ва нақшаҳои рушди ширкатҳои нақлиётӣ-логистикӣ ва мультимодалӣ, муассисаҳои автомобилӣ, ташкилотҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ оид ба долонҳои нақлиётӣ пешниҳод карда шуданд.Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим зимни шиносоӣ бо намоишгоҳ бо роҳбарон ва намояндагони ширкату корхонаҳои нақлиётию логистикӣ суҳбатҳо анҷом дод.  Азим Иброҳим дар Бизнес-форуми VI байналмилалии  нақлиётӣ-логистикии "Роҳи нави Абрешим" (New Silk Way), ки ба мавзӯи "Тамоюлҳо дар ҳамлу нақли мултимодалӣ" бахшида шуд, иштирок ва суханронӣ кард."Имруз, - зикр кард ӯ, - мо тамоюли ташаккули хатсайрҳои нави логистикиро мушоҳида мекунем, ки боиси афзоиши талабот ба ҳамлу нақли мултимодалӣ мегардад, ки ин, дар навбати худ, ба рушди муносибатҳои иқтисодии ҷаҳонӣ торафт бештар таъсир мерасонад. Сабаби асосии таваҷҷуҳи зиёд ба ҳамлу нақли мултимодалӣ қобилияти онҳо  ҷиҳати ҳалли мушкилоти марбут ба маҳдудиятҳои як намуди нақлиёт мебошад. Масалан, агар борро бо истифодаи танҳо як намуди нақлиёт мустақиман ба масофаи дур интиқол додан мумкин набошад, ҳамлу нақли мултимодалӣ якчанд намуди нақлиётро барои интиқоли мол ба макони таъинот муттаҳид мекунад".Дар робита ба ин, таваҷҷуҳи иштирокчиёни форум ба имкониятҳои транзитии Тоҷикистон ва долонҳои  нақлиётии мултимодалии он равона карда шуд. Зикр гардид, ки яке аз ҳадафҳои асосии барномаи рушди нақлиёти Тоҷикистон, ки аз ҷумла ба рушди ҳамлу нақли мултимодалӣ равона шудааст, таҳкими мавқеи Тоҷикистон ҳамчун кишвари транзитӣ байни Осиёи Марказӣ, Чин, кишварҳои Ховари Миёна ва Аврупо мебошад. Азим Иброҳим дар доираи иқтидорҳои мавҷудаи марказҳои логистикӣ, терминалҳо, гузаргоҳҳои сарҳадӣ ва намудҳои хизматрасонӣ дар онҳо ба иштирокчиёни форум дар бораи лоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузории миллӣ дар соҳаи нақлиёти Тоҷикистон, лоиҳаи сохтмони роҳҳо, аз ҷумла роҳи оҳани "Ҷалолиддини Балхӣ– Панҷ"иттилоъ дод. Вазири нақлиёти Тоҷикистон  зикр кард, роҳи мазбур дар долони мултимодалӣ Афғонистон, Эрон ва Туркияро бо Чин ва Қирғизистон тавассути Тоҷикистон мепайвандад ва интиқоли ҳамлу нақли борҳои мултимодалиро бо ду намуди нақлиёт – роҳҳои автомобилӣ ва роҳи оҳан таъмин мекунад. Дар оянда, гуфт вазир, марказҳои иловагии логистикии мултимодалӣ, ки ба талаботи меъёрҳои байналмилалӣ бештар ҷавобгӯ мебошанд, шаҳрҳои Душанбе, Конибодом, Ваҳдат, Кӯлоб, Турсунзода, ноҳияи Шаҳритуз, Панҷи Поён ва ғайра хоҳанд буд. Бино ба гуфти Вазири нақлиёти Тоҷикистон, системаҳои минтақавии нақлиёт ба шарте самаранок хоҳанд буд, ки намудҳои гуногуни нақлиёт муттаҳид ва босубот рушд кунанд. Яке аз вазифаҳои асосии ҳар як минтақа ташкили шабакаи ягонаи марказҳои нақлиётии мултимодалӣ, аз ҷумла дар миқёси миллӣ, байниминтақавӣ ва байналмилалӣ мебошад. Илова бар ин, зарур дониста шуд, ки логистикаи самараноки мультимодалӣ барои таъмини интиқоли зудтари мол байни кишварҳо ва қитъаҳо таъсис дода шавад. "Барои рушди робитаҳои нақлиётии мултимодалӣ мо бояд стратегияи ягонаи рушди марказҳои нақлиётии мултимодалиро бо дарназардошти инфрасохтор таҳия намоем,  оид ба арзёбии талабот, иқтидори ҳар як хатсайр, пешгӯии имкониятҳои техникӣ ва ғайра кори муттасилро ба роҳ монем", -  иброз намуд Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим.
                                                                                                                                                                               Манбаъ:
mintrans.tj