ВАЗОРАТИ НАҚЛИЁТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ "НАҚЛИЁТИ АВТОМОБИЛИ ВА ХИЗМАТРАСОНИИ ЛОГИСТИКИ"

Гурҷистон мизбони “Форуми Роҳи Абрешим”

2023-10-25 06:47:50

Рўзҳои 26-27 октябр дар  пойтахти Гурҷистон шаҳри Тифлис “Форуми Роҳи Абрешим”, дар мавзўи “Пайванди имрӯза барои суботи фардо” баргузор хоҳад шуд, ки дар он 2000 намоянда аз 60 давлати дунё ширкат хоҳанд кард. Гуфта мешавад, миёни иштирокчиёни  ин форум сарвазирони Арманистону Озорбойҷон Никол Пашинян ва Алӣ Асадов суханронӣ  хоҳанд кард. Ҷониби Тоҷикистонро дар “Форуми Роҳи Абрешим”, Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Азим Иброҳим ва директори МД "Нақлиёти автомобили ва хизматрасонии логистикӣ" Саломзода Раҳмиддин намояндагӣ менамоянд. Ќарор аст дар рӯзи аввал, масъалаҳои  нақши рушди долонҳои марказӣ, тарҳи нави савдои Шарқу Ғарб, алоқаи рақамӣ, диверсификатсияи бахши энергетика ва ғайра мавриди таҳлилу баррасӣ  қарор дода шавад. Ҳаминро бояд гуфт, ки қабл аз ин, Форуми Роҳи Абрешим се маротиба солҳои 2015, 2017 ва 2019 баргузор гардида буд ва Гурҷистон  бо дарназардошти мавқеи геостратегии худ ҳамеша дар рушди Роҳи абрешим нақши муҳим бозидааст.