ВАЗОРАТИ НАҚЛИЁТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ "НАҚЛИЁТИ АВТОМОБИЛИ ВА ХИЗМАТРАСОНИИ ЛОГИСТИКИ"

Раванди рақамикунонии бахши нақлиёт дар вилояти Суғд

2023-10-30 10:01:17

25 октябри соли 2023 дар Раёсати Муассисаи давлатии «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ» дар вилояти Суғд ҷаласаи васеи корӣ дар мавзўи  «Раванд ва нақши рақамикунонӣ дар соҳаи роҳу нақлиёт» баргузор гардид. Дар ин ҷаласаи соҳавӣ намояндагон аз Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони Раёсати Муассисаи давлатии «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ», Раёсати назорат ва танзими ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ, КВД «Маркази рақамикунонии соҳаи роҳу нақлиёт» - и Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, ба роҳбарони ҷамъияту корхонаҳои нақлиёти автомобилӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд оид ба афзалият ва татбиқи рақамикунонӣ дар соҳаи нақлиёт  маълумоти муфассал доданд.