ВАЗОРАТИ НАҚЛИЁТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ "НАҚЛИЁТИ АВТОМОБИЛИ ВА ХИЗМАТРАСОНИИ ЛОГИСТИКИ"

Дар Муассисаи давлатии “Нақлиётӣ автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ” Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд

2023-11-16 10:12:32

16 ноябри соли 2023 дар Муассисаи давлатии “Нақлиётӣ автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ” Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид. Дар ҳамоиш иброз гардид, ки  хизматҳои арзишманд  ва заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои миллат  ҳамарӯза мавриди таваҷҷуҳ ва қадрдоншиносӣ қарор доранд. Ин аст, ки имрӯз ҷаҳониён ба Тоҷикистон ва миллати тоҷик бо назари нав  менигаранд. Иродаи қавии Пешвои миллат, тасмимгириҳои ҷиддӣ, иштирок дар ҳалли масоили муҳими минтақавӣ, байналмилалӣ ва мушкилоти ҷаҳонӣ сабаби баланд шудани нуфузу эътибори давлати мо дар арсаи байналмилалӣ гардид. Ҳамзамон дар ҳамоиш тазаккур дода шуд, ки мавҷудияти суботу сулҳу оромӣ дар мамлакат танҳо далели кофӣ аст, ки аз дастовардҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қаҳрамониҳояшон ҷиҳати ҳифзи миллат, таҳкими амнияти миллӣ ва соҳибистиқлолии ватани азизамон ҳамеша шукргузор бошем.  Ҳамчунин зикр гардид, ки раванду рӯйдодҳои ҷаҳони имрӯза  водор менамоянд, ки барои ҳифзи истиқлолияту озодӣ ва ҳимояи манфиатҳои давлату миллат ҳамеша омода бошем ва зиракии сиёсиро аз даст надиҳем. Мо бояд ба тарғибу ташвиқи моҳияти давлату давлатдории муосири миллӣ, қадру қимати сулҳу оромӣ ва ҳифзи дастовардҳои давлатдорӣ эътибори аввалиндараҷа диҳем.