ВАЗОРАТИ НАҚЛИЁТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ "НАҚЛИЁТИ АВТОМОБИЛИ ВА ХИЗМАТРАСОНИИ ЛОГИСТИКИ"

ОГОҲИИ АГЕНТИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ: 3 рӯзи оянда дар Тоҷикистон ҳаво номусоид шуда, борону барф дар назар аст

2023-11-21 08:37:28

АМИТ «Ховар»  бо такя ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, хабар медиҳад, ки рузҳои  22-23 ноябр дар ҷумҳурӣ якбора номусоид гардидани вазъи ҳаво пешгӯӣ шуда, борон (бо гузариш ба барф) ба амал меояд. Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, ноҳияҳои алоҳидаи вилоятҳои Суғд ва Хатлон борони бошиддат ба амал меояд. Ба иттилои агентӣ, 23-24 ноябр дар бештари манотиқи ҷумҳурӣ ҳарорати ҳаво то 10-12 дараҷа паст мешавад. Дар ин рӯзҳо бо сабаби ба амал омадани бориш дар дарёҳои Ёхсӯ, Қизилсӯ (ҷанубӣ) ва дарёҳои аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷоришаванда баландшавии сатҳи об аз эҳтимол дур нест. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба ин ҳолат ба таваҷҷуҳи меҳмонон ва сокинони мамлакат мерасонад, ки эҳтиёт намоянд. Кумита аз аҳолӣ даъват менамояд, ки ҳангоми истифода аз роҳҳои кӯҳӣ эҳтиёткор бошанд, воситаҳои нақлиёти худро пешакӣ омода созанд ва то ҳадди имкон аз рафтан ба минтақаҳои хатарнок худдорӣ намоянд.
                                                                                                                                                                                  АКС: АМИТ «Ховар»