Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ
2023-11-24 05:09:42
Ҳамватанони азиз!
Ҳамаи шуморо ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ, ки рамзи муқаддаси соҳибдавлативу соҳибихтиёрӣ, ифодагари орзуву ормони миллӣ ва арзишҳои олии тамаддуни халқи тоҷик мебошад, самимона табрик мегӯям.
Парчами давлати навини тоҷикон зодаи даврони соҳибистиқлолӣ буда, аз нахустин рӯзҳои қабули он мардуми мо дар роҳи ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, сулҳу оромӣ ва бунёди давлатдории миллии худ қадамҳои устувор гузоштанд ва ба зиндагии осудаву ороми имрӯза расиданд.
Парчами давлатии Тоҷикистон, ки танҳо баъди гузашти беш аз як соли соҳибистиқлолӣ, дар иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олӣ ва дар вазнинтарин рӯзҳои таърихи халқамон қабул гардид, мардуми кишвар ва фарзандони огоҳу бедордили Ватанро ба хотири барқарорсозии ҳокимияти конститутсионӣ, сулҳу оромӣ, таъмин намудани волоияти қонун ва муҳимтар аз ҳама, ҳимояи истиқлолу озодӣ ва якпорчагии сарзамини аҷдодӣ муттаҳид намуд ва ба онҳо тавону неру бахшид.
Парчами давлатӣ дар қатори Нишон ва Суруди миллӣ аз ҷумлаи муқаддасоти миллати соҳибихтиёр ва давлати соҳибистиқлол ба ҳисоб меравад.
Бояд гуфт, ки Парчам аз байни се рукни муқаддаси миллӣ дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии халқи тоҷик мақому манзалати хосса дорад. Зеро таърихи парчамдории миллати мо аз Дирафши Ковиёнӣ оғоз мегардад ва мо имрӯз аз ин таърихи пурғановати чандинҳазорсола ҳувият ва ҳастии халқамонро ҳифз кардааст, ифтихор мекунем.
Парчами давлатӣ ба сифати яке аз рамзҳои асосии давлатдорӣ, таҷассумгари асосҳои таърихӣ, мероси ғановатманду арзишманди миллӣ, ифодагари мақсаду маром ва орзуву омоли мардуми куҳанбунёдамон, дар ҳақиқат мояи ифтихори ҳар фарди ватандӯсту ватандор мебошад. Дар фазои Тоҷикистони соҳибистиқлол парафшон гардидани ин рамзи муқаддас тантанаи озодӣ, иттиҳод ва адолат ба ҳисоб меравад, ки тоҷикон дар заминаи чунин арзишҳои наҷотбахшу созанда ҳамчун миллати мутамаддин ташаккул ёфтаанд. Мардуми сарбаланди мо парчамро чун нишонаи нангу номус ва адолату осоиш ҳамеша ҳифз мекунанд ва тибқи анъанаи ниёгони худ парафшон будани парчамро бо сарафрозии ҳар як фард баробар медонанд.
Қобили зикр аст, ки имрӯз Парчами давлатӣ ба омили бисёр муҳимми болоравии ҳисси миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва ифтихори ватандории шаҳрвандони Тоҷикистони соҳибистиқлол табдил ёфтааст. Ҳоло ин рамзи муқаддаси миллӣ хурду бузурги мардумро ба заҳмати аҳлона, созандагиву ободкорӣ, таҳкими иқтидори давлат ва баланд бардоштани обрӯи он дар арсаи байналмилалӣ роҳнамоӣ мекунад. Дар ин ҷода, махсусан, ҷавонони кишвари мо нақши назаррас доранд. Онҳо бо дастоварду комёбиҳои худ дар соҳаҳои илму фарҳанг ва варзиш Парчами давлати тоҷиконро на танҳо дар дохили мамлакат, балки берун аз он дар чорабиниву мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ баланд мебардоранд. Мехоҳам бо ифтихору қаноатмандӣ зикр намоям, ки ҳоло мардуми шарифи кишвар, бахусус, насли ҷавону ояндасози мо сиёсати бунёдкоронаи Ҳукумати мамлакатро дастгирӣ намуда, хуб дарк намудаанд, ки эҳтироми рамзҳои миллӣ, аз ҷумла Парчами давлатӣ маънои ифтихор аз давлати соҳибистиқлол, арҷгузорӣ ба гузаштаи халқи бостониамон ва заҳмати содиқона ба хотири фардои ободи Ватани маҳбубамонро дорад.Мардуми шарифи Тоҷикистон зери Парчами миллӣ ба сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ расид ва мо сиёсати созандаву бунёдкоронаамонро барои баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум ва эъмори ҷомеаи нав – ҷомеаи озоду демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ минбаъд низ таҳти ин рамзи муқаддаси миллӣ амалӣ мегардонем.
Дар шароити пуртазоду печидаи ҷаҳони муосир тарбия кардани насли худогоҳу худшинос, ватандӯсту ватанпараст ва созандаву ободгар вазифаи мақомоти давлатӣ, олимону зиёиён, аҳли адаб, кормандони воситаҳои ахбори умум, падару модарон ва тамоми ҷомеа мебошад. Мову шумо бояд Ватани худро сидқан дӯст дорем, ба қадру қимати Ватану ватандорӣ расем ва ҳамеша шукронаи истиқлолу озодӣ, сулҳу амнияти кишвар ва ваҳдати миллиро намоем. Мову шумо бояд меҳнати созандаву бунёдкоронаро мақсаду мароми асосии зиндагӣ қарор дода, тамоми имконияту неруи худро ба хотири ободии Тоҷикистони соҳибистиқлол равона созем.
Бори дигар тамоми шаҳрвандони кишварро ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ самимона табрик гуфта, ба хонадони ҳар яки шумо – ҳамватанони азиз – хушбахтиву хушиқболӣ, файзу баракат ва ба Тоҷикистони маҳбубамон рушду тараққиёти рӯзафзун орзу менамоям.Бигзор, Парчами пурҷилову нурафшони истиқлол дар қалби ҳар як сокини Тоҷикистон меҳри Ватанро афзунтар созад ва асрҳои аср дар фазои озоди кишварамон парафшонӣ намояд.
Рӯзи Парчами давлатӣ муборак бошад, ҳамватанони азиз!