Лоиҳаи «Ташкили таваққуфгоҳҳои музднок, нуқтаҳои барқдиҳанда ва низоми автоматикунонидашудаи бақайдгирии вайронкунии қоидаҳои ҳаракат дар роҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» татбиқ мегардад
2023-11-29 11:07:10
Дар ҷумҳурӣ Лоиҳаи «Ташкили таваққуфгоҳҳои музднок, нуқтаҳои барқдиҳанда ва низоми автоматикунонидашудаи бақайдгирии вайронкунии қоидаҳои ҳаракат дар роҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» татбиқ мегардад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» маълумот медихад. Гуфта мешавад, лоиҳаи мазкур ба воридоти техника ва технологияи муосир, ташаккули низоми видеоназоратӣ, бақайдгирии автоматии вайронкунии қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, коркарди маълумоти автоматии маълумотҳо оид ба бақайдгирии вайронкунии қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, таъмини сатҳи баланди бехатарӣ дар роҳҳои автомобилгард, воридоти маблағ ба буҷети давлатӣ, бунёди рақобати солим дар соҳа ва ташкили ҷойҳои нави корӣ мусоидат хоҳад кард.