Дар Екатеринбург мағозаи интернетии молҳои миллии тоҷикӣ ба фаъолият оғоз намуд
2023-12-06 12:02:04
Дар Екатеринбург ширкати маҳаллии «Тоҷ бозор» мағозаи интернетии молҳои миллии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо такя ба маълумоти Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Екатеринбург иттилоъ медиҳад. Захираи интернетӣ бо мусоидати фаъолонаи Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойтахти Урал ва соҳибкори муваффақи шаҳри Екатеринбург Зуҳал Муродов ба фаъолият шуруъ намуд. Иттиллоъ дода мешавад, ки дар мағозаи интернетӣ шумо метавонед маҳсулоти миллии тоҷикӣ: навъҳои гуногуни чой, шириниҳо, меваҳои хушк, туҳфаю армуғонҳо, либосҳои шарқиёна ва ғайраро харидорӣ намоед.