ВАЗОРАТИ НАҚЛИЁТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ "НАҚЛИЁТИ АВТОМОБИЛИ ВА ХИЗМАТРАСОНИИ ЛОГИСТИКИ"

Баррасии масъалаи роҳхат ва борхат

2024-01-08 06:53:52

Ҳафтаи гузашта дар назди директори муассисаи давлатии “Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ” – и Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласа баргузор гардид.  Дар  ҷаласа директори муассиса оид ба натиҷаҳои амалиёти “Борхату роҳхат” суханронӣ намуда, таъкид доштанд, ки бо мақсади фарогирии воситаҳои нақлиёти ҳамлу нақли бору мусофирон бо варақаи роҳхату борхат, ҷиҳати баҳисобгирии пурраи ҳисоботи оморӣ натиҷаҳои кори онҳо, аз 21 ноябр ва то 11 декабри 2023 дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ амалиёти “Роҳхату борхат” дар ҳамкорӣ бо  кормандони ХДНТСН гузаронида шуд. Натиҷаи   амалиёт нишон дод, ки дар бисёре аз ширкатҳои нақлиётӣ, истифодаи варақаҳои роҳхату борхат нодуруст истифода гардида, инчунин, дар аксар ҳолат бо роҳи сохтакорӣ муҳлатҳои онҳо ғайриқонунӣ дароз карда шудааст. Дар кори ҷаласа директори муассиса аз чанд ширкат ва корхонањои   нақлиёти, ки ба чунин камбудиҳо роњ додаанд   номбар намуда, барои бартараф намудани камбудињои љойдошта супориш доданд.  Инчунин, дар  кори ҷаласа ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта дар самти истифодаи нодурусти борхату роҳхат муассиса тасмим гирифтааст, ки варақаҳои роҳхату борхатро ба низоми нави электронӣ гузаронад. Қайд гардид, ки дар муассиса барномаи махсуси электронии роҳхату борхат таҳия гардидааст ва онро марҳила ба марҳила дар амал татбиқ намуда истодааст.  Дар ҳамин робита директори муассиса аз муатахассисони муассиса хоҳиш намуданд, ки барномаи нави электронии роҳхату борхатро бо истифода аз ҳузури роҳбарони ширкату корхонаҳои нақлиётӣ муаррифӣ намоянд. Вобаста ба ин, сардори шуъбаи боркашонӣ, мусофиркашонӣ ва омори муассиса Ахмедов С.У ба сухан баромада дар (проектор) тахтаи электронӣ намунаи борхату роҳхати электрониро ба иштирокчиёни ҷаласа нишон дода,  зикр намуд, ки истифодаи шакли электронии борхату роҳхат бартарии зиёд дорад. Зеро он таъсири омилҳои инсониро аз байн мебарад ва ҳамчунин, маълумоти дақиқро дастрас намудан осон мегардад. Бо дар назардошти имкониятҳои барномаи электронии борхату роҳхат аз ҷониби директори муассиса дастур дода шуд, ки ҳамаи ширкатҳои нақлиётии кишвар бояд ба ин барнома пайваст гарданд.