ҲУШДОР! Хатари лағзиши тарма дар роҳи мошингарди Душанбе-Чанок чанд рӯзи дигар боқӣ мемонад
2024-01-10 03:37:27
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон ва меҳмонони мамлакат мерасонад, ки тибқи пешгўии ҳавошиносон, чанд рӯзи оянда дар ҳудуди роҳи мошингарди Душанбе-Чанок, бахусус дар километрҳои 48 — 74 хатари лағзиши тарма боқӣ мемонад. Дар робита ба ин, Кумита аз шаҳрвандон бо эҳтиром хоҳиш менамояд, ки дар ин рӯзҳо сафари худро ба ин самт маҳдуд ва аз ҳар гуна сафари бе зарурат худдорӣ намоянд. Дар чунин рўзҳо дар ин минтақа ҳамчунин анҷом додани ҳар гуна корҳои кишоварзӣ, ҷамъоварии ҳезум, моҳидорӣ ва ғайра хатарнок аст. Кумита ба ронандагоне, ки мехоҳанд ба ин самт ҳаракат намоянд, тавсия медиҳад, ки қабл аз сафар аввал аз манбаъҳои расмӣ, аз ҷумла Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилӣ, хадамоти роҳи Вазорати нақлиёти Тоҷикистон дар бораи вазъи роҳ иттилои дақиқ дарёфт намуда, ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии мамлакат дар мавриди вазъи ҳаво диққат диҳанд. Аз ронандагони мошинҳои боркаш хоҳиш мешавад, ки воситаҳои нақлиёти худро бо ҳама лавозимоти зарурӣ, аз ҷумла занҷирҳо, бандҳо, фонусҳо ва ғайра таъмин намоянд, ҳолати системаи гармидиҳандаро санҷанд ва баъд озими сафар шаванд. Ба хотири пешгирӣ аз ҳар гуна ҳодисаҳои нохуш кумита аз ронандагон хоҳиш менамояд, ки суръати ҳаракатро дар роҳҳои кӯҳӣ боло набаранд ва фосилаи байни мошинҳоро ҷиддӣ риоя намоянд.
Манбаъ: khovar.tj
Манбаъ: khovar.tj