Вазири нақлиёти ҶТ: «Соҳаи логистикаи нақлиётӣ бояд яке аз фишангҳои асосии рушди иқтисодиёти кишвар гардад»
2024-01-11 11:24:59
Муассисаи давлатии «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасониҳои логистикӣ» - и Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон 8-уми январи соли 2024 фаъолияти худро дар соли гузашта ҷамъбаст намуд. Дар маҷлиси ҳисоботӣ Вазири нақлиёти ҶТ Азим Иброҳим, муовини Вазир Шоиста Саидмуродзода, роҳбарони зерсохторҳо ва муасссисаҳои тобеи вазорат иштирок карданд. Дар бораи натиҷаҳои фаъолияти МД «Нақлиёти автомобилӣ хизматрасониҳои логистикӣ» директори муассиса Раҳмиддин Саломзода маърӯза кард. Зикр гардид ки дар соли 2023 теъдоди мусофирон 815 млн.746 ҳазор нафар ё 111,2%-ро нисбат ба соли 2022 ташкил дод. Гардиши мусофирон ба 7 миллиарду 113 миллиону 500 ҳазор нафар ё 111,6%-и соли 2022 расид. Ҳаҷми борҳои кашонидашуда 33 млн.902 ҳазор тонна ё 116,2%-ро нисбат ба соли 2022 ташкил додааст. Гардиши умумии бор ба 2 млрд.225 млн. 500 ҳазор тонна ё 114,2%-и соли 2022 баробар шуд. Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи хизматрасониҳои мусофирбарӣ муассиса дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо тартиби муқарраргардида мунтазам намоиш-озмунҳо мегузаронад. Дар айни замон дар кишвар 886 хатсайри мусофиркашонии шаҳрӣ, наздишаҳрӣ, байнишаҳрӣ ва байналмилалӣ амал мекунанд. Дар соҳаи хизматрасонии байналмилалӣ ба ронандагон ва корхонаҳо муассиса 4 намуди ҳуҷҷатҳо, аз ҷумла 2 намуди роҳхатҳои байналмилалӣ (боркашонӣ ва мусофиркашонӣ), як намуди борхати байналмилалии навъи CMR, инчунин харитаи тахографи рақамиро пешниҳод менамояд.
Барои таъмини пурраи воситаҳои нақлиёти автомобилӣ бо роҳхатҳо ва борхатҳо дар давоми сол 3 маротиба аз ҷониби муассиса амалиёти «Роҳхатҳо ва борхатҳо» гузаронида шуд. Натиҷаи санҷишҳо дар ҷаласаи якҷояи корӣ бо иштироки намояндагони Вазорати нақлиёт, БДА ВКД ҶТ ва дигар ташкилотҳои дахлдор муҳокима ва қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд. Дар натиҷаи андешидани ин тадбирҳо фарогирии ронандагон бо роҳхату борхатҳо нисбат ба соли 2022 афзоиш ёфта, 117 % соли 2022-ро ташкил дод. Аз 53313 адад воситаҳои нақлиёти мусофирбарӣ ва боркашонӣ 39489 адад бо роҳхатҳо ва борхатҳо таъмин карда шуданд.
Ҳамзамон, тибқи нақшаи кории муассиса, гурӯҳҳои корӣ бо мақсади суръат бахшидан ба раванди рақамисозии варақаҳои роҳ, беҳтар намудани ҳисоботи оморӣ оид ба нишондиҳандаҳо дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ таъсис дода, дарсҳои 20-соата оид ба омӯзиши қоидаҳои бехатарии роҳ ва одоби муошират бо мусофирон ташкил гардиданд.
Муассиса бо ширкатҳои таксӣ, аз ҷумла ҶДММ «Олуча такси» ва ҶСК «Холдинг Осиё Гурӯҳ Тоҷикистон» оид ба ташкили додани роҳхату борхатҳои рақамӣ бо ёрии замимаи мобилӣ ҳамкорӣ намуда, ният дорад, ки дар семоҳаи аввали соли 2024 бо дигар ширкатҳои нақлиетӣ ҳамкориҳои шабеҳро ба роҳ монад. Соли 2023 намояндагони МД «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасониҳои логистикӣ» дар бисёр чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ иштирок ва суханронӣ карданд. Аз ҷумла:- семинари омӯзишӣ оид ба логистикаи нақлиётии байналмилалӣ (июни с. 2023 дар Чин);
-курсҳои бозомӯзӣ САҲА оид ба логистика ва тиҷорат (сентябри с. 2023 дар Душанбе);
- мулоқоти якуми вазирони нақлиёти Осиёи Марказӣ (сентябри с. 2023 дар Душанбе);
- Форуми соҳибкорони Тоҷикистон ва Туркманистон (майи с. 2023 дар Душанбе);
-конфронси нӯҳум оид ба ҳамкории байналмилалии Тоҷикистону Русия;
-ҷаласаи канории «Равандҳо ва роҳҳои ҳамкорииТоҷикистон ва Русия дар соҳаи нақлиёт ва логистика» (майи с. 2023 дар Душанбе);
- мизи мудаввари Агентии рушди байналмилалии ИМА (ЮСАИД) ва Намояндагии Институти байналмилалии логистика ва нақлиёт дар ОМ (сентябри с. 2023 дар Душанбе);
- мулоқоти якуми машваратии первая Гуруҳи кории сатҳи баланд оид ба долони нақлиётии «Тоҷикистон – Узбекистон – Туркманистан – Эран – Туркия (ТУТЭТ) +Чин», ки таҳти сарпарастии Созмони ҳамкории иқтисодӣ; Economic Cooperation Organization, ECO доир гардид (сентябри с. 2023 дар Душанбе);- Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе»; ҷаласаи канорӣ дар мавзӯи «Рушди соҳаи нақлиёт, логистика ва коммуникатсия» (сентябри с. 2023 дар Душанбе);
- семинари минтақавӣ оид ба рушди долони иқтисодии «Шимкент – Тошканд –Хуҷанд» (сентябрь 2023 года дар Узбекистон);
- Форуми умумиҷаҳонӣ оид ба нақлиёти устувор (сентябри с. 2023 дар Пекин, ҶМЧ);
- мулоқот бо намояндагони ширкати Ҷумҳурии Исломии Эрон BIMA ва 15 ширкати нақлиётии Тоҷикистон оид ба суғуртакунӣ ва рақамикунонии варақаҳои борхати навъи байналмилалии CMR (декабри с. 2023 дар Душанбе) ва ғайра.
Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябрисСоли 2023 таҳти рақами 503 «Барномаи давлатии рушди низоми логистикӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2028» қабул гардид, ки лоиҳаи онро мутахассисони Вазорати нақлиёти ҶТ ва МД «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасониҳои логистикӣ» таҳия ва пешниҳод кардаанд. Муассиса лоиҳаи Нақшаи тадбирҳоро оид ба татбиқи ин Барнома таҳия кардааст, ки дар баррасии сохторҳои дахлдор қарор дорад.
Моҳи декабри соли 2023 муассиса тибқи Созишномаи ҳамкорӣ бо Идораи сертификатсияи Комиссияи Аврупо - Vаркази муштараки тадқиқотӣ, Раёсати Е - фазо, амният ва муҳоҷират, бахши киберамният ва амнияти рақамии шаҳрвандон (Digital Tachograph – European Root Authority Certification, European Commission - Joint Research Center, Directorate e - space, security & Migration cyber & digital citizens' security unit) харитаи рақамии тахографи Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиби сертификат гардид ва мӯҳлати амали он то соли 2030 тамдид карда шуд.
Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим зимни суханронӣ дар маҷлиси ҳисоботӣ бо ишора ба Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 28 декабри соли 2023 ироа шуд, камбудиҳои дар фаъолияти МД «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасониҳои логистикӣ» ҷойдоштаро зикр намуд, ва супориш дод, ки ҷиҳати рафъи онҳо тадбирҳои мушаххас андешида шаванд. Вазири нақлиёт, аз ҷумла, зарурати суръат бахшидани рақамикунонии соҳа, зиёд намудани ҳиссаи нақлиёти ватанӣ дар ҳамлу нақли байналмилалӣ, ба кор ҷалб намудани мутахассисони донандаи забонҳои хориҷӣ, ҳарчи зудтар таҳияи ва мавриди иҷро қарор додани Нақшаи тадбирҳо оид ба татбиқи «Барномаи давлатии рушди системаи логистикӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2028», ба роҳ мондани тартибот дар интиқоли мусофирон, ченкунии вазни мошинҳои боркаш, истифодаи намунаҳои байналмилалии борхатҳо (CMR)-ро таъкид намуд.
«Мавзӯи логистика ҳоло дар ҷаҳон аз ҳарвақта бештар аҳамияти муҳим касб кардааст», - иброз дошт Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъкид кард, ки дар шароити муосир рақобат дар бозори хизматрасониҳои логистикӣ торафт баланд мешавад. Ба гуфтаи вазир, мавқеи ҷуғрофии кишвари мо ҳамчун як навъ пуле, ки Ғарб ва Шарқро ба ҳам мепайвандад, имрӯз мавриди таваҷҷӯҳи ҷиддии нақлиётчиёни минтақа қарор дорад ва дар ин бора санадҳои Мулоқоти нахустини вазирони нақлиёти Осиёи Марказӣ ва Нахустин мулоқоти машваратии Гурӯҳи кории сатҳи баланд оид ба долони мултимодалии нақлиётии «Тоҷикистон – Узбекистон – Туркманистон – Эрон – Туркия (ТУТИТ) + Чин», ки дар Душанбе баргузор гардиданд, гувоҳӣ медиҳанд. «Дар ин шароит суръат ва сифати интиқоли борҳо бо масири қобили қабул ва хароҷоти ҳадди ақал аҳамияти муҳим дорад. Соҳаи нақлиёт ва логистика метавонад ва бояд яке аз фишангҳои асосии рушди иқтисодиёти кишварамон гардад», иброз доштанд Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Бознашр аз: www.mintrans.tj