Баланд бардоштани малакаи касбии ронандагон дар вилояти Суғд
2024-01-17 05:08:12
Раёсати Муассисаи давлатии «Нақлиёти
автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ» дар вилояти Суғд, аз оғози соли 2024-ум, ҷиҳати иҷрои супориши протоколии маҷлиси назоратии назди муовини Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмуродзода Ш., аз
19 октябри соли 2023-юм, оид ба гузаронидани дарсҳои 20 соатаи омўзишӣ барои
ронандагони воситаҳои нақлиёти борбар, бахусус байналмиллалӣ нақша чорабиниҳо
таҳия намуда, барои дар амал татбиқ намудани он бо ширкат, ҷамъият ва корхонаҳои
нақлиётии автомобилӣ ҳамаҷониба кор мебарад. Раёсат ҳамчунин, бо мақсади дар сатҳи баланд ба
роҳ мондани ҳамлу нақли мусофирон ва бор, бо ширкат, ҷамъият ва корхонаҳои нақлиётӣ шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо
мерасонад.