Вусъат бахшидани хизматрасониҳои логистикӣ дар минтақаи Бохтар
2024-01-25 07:15:26
19.01.2024-ум
дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон маҷлиси васеи Раёсати Муассисаи давлатии “Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасониҳои логистикӣ” баргузор гардид, ки дар он муовини
якуми директори МД “НА ва ХЛ”-и Вазорати нақлиёти ҶумҳурииТочикистон - Пиров Чаҳонгир,
сардори раёсати назорат танзим ва рушди фаъолият дар минтақаҳо - Фирўз Ғаффуров,
сардори шуъбаи танзими боркашонӣ, мусофирбарӣ ва омори МД “НА ва ХЛ” Вазорати
нақлиёти Ҷумҳурии Точикистон - Ахмедов Сафар, кормандони Раёсати Муассиаи
давлати “Нақлиёти
автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ” дар минтақаи Бохтар иштирок намуданд.
Дар
кори маҷлис, масъалаҳои беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасониҳои нақлиётӣ-логистикӣ,
вусъат бахшидани корҳо дар самти рақамикунонии ҷамъиятҳои нақлиётӣ, ҷонок намудани омўзиши
курсҳои 20-соатаи «Коидаҳои бехатарии ҳаракат дар роҳ», баланд бардоштани сатҳи муоширату муносибат бо
мусофирон ва ғайра мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Дар маҷлис қайд гардид, ки барои ноил шудан ба натиҷаҳои хуб пеш аз хама лозим аст, ки ҳар як корманд нисбат ба иҷрои вазифааш масъулияти дучанд дошта бошад. Зеро таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки хамарўза бинобар риоя накардани қоидаҳои бехатарии ҳаракат дар роҳ, садамаҳои роҳу нақлиётӣ ба кайд гирифта мешаванд, ки дар пай талафоти ҷонӣ ва молӣ дорад. Дар маҷлис ҳамчунин масъалаҳо роҷеъ ба фаро гирифтани ҷамъият, ширкат ва корхонаҳои нақлиёти автомобилӣ бо роҳхату борхат, пешгири намудани тамбашавии воситаҳои нақлиёт дар роҳҳои минтақа ва бастани шартномаҳо бо ҷамъият, ширкат ва корхонаҳое, ки дар ихтиёр воситаҳои нақлиёти автомобилӣ доранд таваҷҷуҳ дода шуд.
Тибқи таҳлилҳо, фарогирии корхонахои ғайри истифодаи умум ба талаботҳои Кодекси нақлиётӣ автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин минтақа ниҳоят кам буда, масъулинро зарур аст дар ин самт ҳамаҷониба кор баранд. Инчунин, кормандони бахш, дар баргузор намудани рейдхои муштарак, ки тибқи фармоиши директори муассиса дар як сол ду маротиба ба нақша гирифта шудааст ҳамаҷониба фаъол бошанд.
Дар кори маҷлис, таваҷҷуҳ ба фаъолияти Агент-экспедиторон низ доша шуда, ба масъулини соҳа супориш дода шуд, ки фаъолияти худро дар доираи талаботҳои дастурамали вазифавӣ ва низомномаи раёсат ба роҳ монда, барои зиёд намудани нишондиҳандахои гардиши бор кўшиш ба харҷ диҳанд.