ВАЗОРАТИ НАҚЛИЁТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ "НАҚЛИЁТИ АВТОМОБИЛИ ВА ХИЗМАТРАСОНИИ ЛОГИСТИКИ"

Иҷрои нишондиҳандаҳои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ дар Маркази бозомўзии Муассисаи давлатии “Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ”

2024-02-02 12:56:39

Дар Маркази бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси Муассисаи давлатии “Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ” 1 феврали соли 2024 вохӯрии Шерзода Ситора Ҷалол-муовини директори муассиса бо кормандон ва омўзгорон баргузор гардид. Дар меҳвари мулоқот таъмини иҷрои нишондиҳандаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  қарор дошт. Дар вохўрӣ инчунин ба масъалаҳои раванди баргузории дарсҳои 20 - соата, риоя намудани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, ҳифзи ҳаёт ва саломатии шаҳрвандон, баланд бардоштани маърифати экологии ронандагон таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.