ВАЗОРАТИ НАҚЛИЁТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ "НАҚЛИЁТИ АВТОМОБИЛИ ВА ХИЗМАТРАСОНИИ ЛОГИСТИКИ"

Ҳамкориҳо вусъат меёбад

2024-02-13 03:08:05

8-уми феврали соли ҷорӣ, Шерзода Ситора Ҷалол - муовини директори Муассисаи давлатии “Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ”  бо роҳбарон ва ронандагони ҶДММ “Талко Персия” ва ҶДММ “Сафар Ориён” вохури анҷом дод. Дар меҳвари мулоқот таъмини иҷрои нишондиҳандаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  қарор дошт. Дар вохўрӣ инчунин ба масъалаҳои риоя намудани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, ҳифзи ҳаёт ва саломатии шаҳрвандон, баланд бардоштани маърифати экологии ронандагон таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.