ВАЗОРАТИ НАҚЛИЁТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ "НАҚЛИЁТИ АВТОМОБИЛИ ВА ХИЗМАТРАСОНИИ ЛОГИСТИКИ"

Дар Душанбе масоили таъсиси марказҳои логистикӣ, платформаи рақамӣ ва мактаби содирот баррасӣ шуд

2024-02-22 10:43:13

Масъалаҳои рушду таҳкими ҳамкорӣ дар самти таъсиси марказҳои логистикӣ, платформаи рақамӣ ва мактаби содирот ҷиҳати баланд бардоштани малакаи дониши содироткунандагон дар вохӯрии Директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати намояндагони Бонки Осиёии рушд баррасӣ гардиданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба  Агентии содирот хабар медиҳад. Иттиллоъ дода мешавад, ки дар вохўрӣ оид ба самтҳои асосии ҳадафу вазифаҳои агентӣ, ки аз таъсис додани марказҳои яклухту тақсимотӣ, платформаи рақамӣ ва бунёди марказҳои логистикӣ иборат мебошад, ибрози назар шуд. Гуфта шуд, ки ташаббуси лоиҳаи Бонки Осиёии рушд ҷиҳати ҷудо намудани маблағҳои грантӣ дар самти дастгирии занони соҳибкор, ки ба фаъолияти истеҳсолию хизматрасонӣ равона шудааст, инчунин мусоидат ба амалӣ намудани хизматрасонии Агентии содирот дар самти дастгирии содироткунандагон ва ташаккул ва рушди мактаби содирот қобили ҷонибдорӣ мебошад. Намояндагони Бонки Осиёии рушд иброз доштанд, ки бо Агентии содирот дар доираи лоиҳаи «Дастгирии бахшҳои молиявӣ ва бахши хусусии Тоҷикистон дар қисми «Барномаи дастгирии молиявии субсидиявӣ барои соҳибкорони фаъолияташон ба иқлим мувофиқ»», «Барномаи ҳуҷҷатгузории содирот ва мутобиқат» ва «Барномаи ташаккул ва рушди содироткунандагон» фаъолият  намуда, оид ба таъсиси махзани ягона, платформаи рақамӣ, рушди мактаби содирот ва таъсис додани марказҳои логистикӣ омодаи ҳамкорӣ мебошанд.
                                                                                                                                АКС: Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон