Мусобиқа барои дарёфти «Ҷоми Вазири корҳои дохилӣ» ҷараён дорад
2024-02-22 12:13:23
Рӯзи 22-уми
феврал дар маҷмааи варзишии Шурои ҷумҳуриявии «Динамо»-и ВКД мусобиқаҳои
варзишӣ барои дарёфти “Ҷоми Вазири корҳои дохилӣ” таҳти шиори “Варзиш бар зидди нашъамандӣ” баргузор
гардид. Дар мусобиқаи кушоди
шахсӣ – даставӣ оид ба “Шашка” байни занон, миёни кормандони мақомоти ҳифзи
ҳуқуқ, сохторҳои қудратӣ ва дигар корхонаю идораҳои давлатии Ҷумҳурии
Тоҷикистон, кормандони Муассисаи давлатии “Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии
логистики”-и Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ширкат варзида, ҷойҳои намоёнро ишғол намуданд. Тибқи баҳогузории аъзои тадорукот, Акабирова Дилрабо сазовори ҷойи дуюм ва Ашурова Анора ҷои сеюмро касб
намуда, ғолибон аз ҷониби Шӯрои ҷамъиятии «Динамо» бо Ифтихорнома сарфароз гардонида шуданд.
Ёдовар мешавем, ки мусобиқаи мазкур то 29 феврали
соли 2024 дар толори Маҷмааи варзишии Шўрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ идома хоҳад ёфт.