ВАЗОРАТИ НАҚЛИЁТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ "НАҚЛИЁТИ АВТОМОБИЛИ ВА ХИЗМАТРАСОНИИ ЛОГИСТИКИ"

Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз ҳавои номусоиди рӯзҳои оянда

2024-02-27 03:22:31

Ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ноустувории вазъи ҳаво то 29-уми феврал боқи хоҳад монд. Рӯзҳои 27-29 феврали соли ҷорӣ дар минтақаҳои доманакӯҳию кӯҳии Ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ, вилояти Суғд ва ноҳияҳои ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хавфи сар задани зуҳуроти тарма боқӣ монда, бо сабаби ба амал омадани боришот дар водиҳо ва ноҳияҳои доманакӯҳии вилояти Хатлон омадани сел пешгӯӣ мешавад. Дар ҳамин хол Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз сокинон ва меҳмонони кишвар даъват ба амал овардааст, ки аз эҳтиёт кор гирифта, барои пешгирӣ аз паёмадҳои сел ҷӯву канал, заҳбурҳо ва селроҳаҳоро тоза нигоҳ доранд. Дар чунин рӯзҳо рафтан ба шикору моҳидорӣ ва ғунучини ҳезун маслиҳат нест. КҲФ ба ронандагон ва дӯстдорони кӯҳгардӣ, гардишагрон тавсия додааст, ки ҳангоми ҳаракат дар минтақаҳои кӯҳиву наздикӯҳӣ қоидаҳои бехатариро ҷиддан риоя намоянд.