ВАЗОРАТИ НАҚЛИЁТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ "НАҚЛИЁТИ АВТОМОБИЛИ ВА ХИЗМАТРАСОНИИ ЛОГИСТИКИ"

дар ноҳияҳои водию доманакӯҳи Тоҷикистон ҳарорати рӯзонаи ҳаво 10-12 дараҷа паст мешавад

2024-03-13 03:49:02

Ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  рўзҳои 12-13 марти соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ боришот (борон, дар ноҳияҳои алоҳида бо гузариш ба барфи тар) дар назар буда, дар баъзе ноҳияҳо бошиддат ба амал меояд. Рӯзи 13 март ҳарорати рӯзонаи ҳаво дар ноҳияҳои водию доманакӯҳӣ то 10-12º паст мешавад. Рӯзҳои 12 то 14 март дар минтақаҳои доманакӯҳию кӯҳии Ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ (НТҶ), шоҳроҳи автомобилгарди Душанбе-Чаноқ ва ноҳияҳои ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) сар задани зуҳуроти тарма аз эҳтимол дур нест. Рӯзҳои 12-13 март дар водиҳо ва ноҳияҳои доманакӯҳии вилояти Хатлон, НТҶ ва ноҳияи Дарвози ВМКБ сар задани зуҳуроти сел пешгӯӣ мешавад. Рӯзҳои 13-14 март бо сабаби ба амал омадани боришот дар дарёҳои Ёхсӯ, Қизилсӯ (ҷанубӣ) ва дарёҳои аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷоришаванда баландшавии сатҳи об дар назар аст.