ВАЗОРАТИ НАҚЛИЁТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ "НАҚЛИЁТИ АВТОМОБИЛИ ВА ХИЗМАТРАСОНИИ ЛОГИСТИКИ"

ШИРКАТИ 1TAXI ДАР ВОРИДОТИ ЭЛЕКТРОМОБИЛҲО БА ПОЙТАХТ ЯКУМИН ВА ПЕШСАФ БУДА, ДАР МУТОБИҚ ГАРДОНИДАНИ ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ, ҲИФЗИ МУҲИТИ ЗИСТ ВА БЕҲТАР НАМУДАНИ ВАЗЪИ ЭКОЛОГИИ МАМЛАКАТ САҲМИ НАЗАРРАС МЕГУЗОРАД.

2022-07-13 03:57:04


Санаи 30 июни соли 2022 бо иштироки бевоситаи муовини Раиси шаҳри Душанбе Саидзода Фирдавс Ҳамро рухнамоии электромобилҳои  воридгардидаи навбатии ширкати 1TAXI дар саҳни хавлии ЧДММ "Талко Персия" доир гардид. 

Ҳангоми боздид аз чониби роҳбарияти ширкат ба муовини Раиси шаҳри Душанбе иттилоъ дода шуд, ки аз аввали соли чорӣ то инчониб аз чониби ширкат 36 адад электромобилҳо ба пойтахт ворид ва мавриди истифода карор дода шуда, то охири соли чорӣ тибқи шартномаи байни ширкат ва ширкатҳои истеҳсолии Ҷумхурии халкии Хитой шумораи ин намуди воситаҳои наклиёт ба 100 адад расонида мешавад. 

Қайд гардид, ки аз чониби ширкати 1TAXI оиди дар оянда ворид ва  зиёд намудани электромобилҳо бо як катор ширкатҳои хоричи табодули хамкориҳо ба роҳ монда шудааст. 

Гуфтан ба маврид аст, ки электромобилҳои дар навбати сеюм воридгардида тамғаи драйви навъи  BYD E2 буда бо захира намудани неруи пурраи барқ то масофаи 420 км роҳро тай менамояд. Муовини Раиси шахри Душанбе баъди азназаргузаронии электромобилҳои воридгардида, нуқтаи таъмир ва захираи барқ бо иштироки фаъоли ҳайъати кормандон ва ронандагони ширкат суханрони намуда, иброз намуданд, ки ЧДММ "Талко Персия" (1TAXI) яке аз ширкатхои фаъоли мусофирбари дар пойтахт ба ҳисоб рафта, дар робита ба дастгирии сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Рахмон ва дастуру супоришхои Раиси шахри Душанбе  дар самти тадбиқи амалии барномаи "Шахри Сабз"  пешсаф мебошад.
 
Мавсуф қайд намуданд, ки тавре ба ҳамагон маълум аст Ҷумхурии Точикистон дар самти истеҳсоли неруи барқи аз лиҳози экологи тоза ва арзон дар ҷаҳон мавқеи намоёнро ишғол менамояд ва рушди нақлиёти барқи дар Ҷумҳури аз лиҳози иқтисоди манфиатовар буда, истифодаи он ҳамчун нақлиёти экологи (набудани мутлақи партовҳои зараровар ба атмосфера) муфиду эътимодбахш арзёби гардидааст. Таъкид гардид, ки соҳаи нақлиёт, бахусус рушди нақлиёти барқии мусофирбари дар шаҳр (Троллейбус, электорбус, электромобил) яке аз соҳаҳои муҳимтарин ва афзалиятноки ҷамъияти ба ҳисоб рафта дар рушду нумуи дигар соҳаҳо нақши ҳалкунандаро доро мебошад. Дар рафти суханрони аз ронандагон таъкид ба амал оварда шуд, ки баҳри риояи ҳатмии қоидаҳои ҳамлу нақли мусофиркашони диққати авалиндараҷа дода шавад.
 
Дар фарҷом ба роҳбарият ва ҳайъати кормандони ширкат барои иқдоми пешгирифтааш изҳори миннатдори намуда дар фаъолияти минбадаи ширкат барору комёбиҳо таманно намуданд.