30 август ҳаракати қатораҳои мусофирбар байни Тоҷикистону Русия барқарор мешавад
2022-07-19 08:01:36
Шурӯъ, аз 30 августи соли 2022 ҳаракати қатораҳои мусофирбар байни Тоҷикистон - Русия - Тоҷикистон баъди беш аз ду соли таваққуф, дубора барқарор мешавад.
Анвар Латифзода, як масъули Роҳи оҳани Тоҷикистон аз сар гирифтани ҳаракати қатораҳои мусофирбарро байни ду кишвар тасдиқ кард ва илова намуд, ки ин тасмим чанде пештар дар пайи сафари роҳбари КВД "Роҳи оҳани Тоҷикистон" ба Русия ва мулоқоташ бо роҳбарияти Роҳи оҳани ин кишвар рӯи даст гирифта шуд.
Дар ҳамин ҳол расонаҳои русӣ дар бораи барқарор шудани ҳаракати қатораҳо иттилоъ медиҳанд ва ҳамчунин, ҷадвали ҳаракати қатораҳоро нашр кардаанд.
Аз ҷумла "Спутник Тоҷикистон" менависад, ки қатораи №329/330 аз Душанбе ба Волгоград ҳафтае як маротиба рӯзҳои сешанбе ва аз Волгоград ба Душанбе рӯзҳои ҷумъа ҳаракат хоҳад кард.
Аввалин қатораи мусофирбар баъди танафуси тӯлонӣ рӯзи 30 августи соли равон аз Душанбе ба Волгоград сафар хоҳад кард.
Ҳамин тариқ, ҳаракати қатораҳои мусофиркаш аз Хуҷанд ба Волгоград ва баръакс низ ҳар ҳафта як маротиба сурат хоҳад гирифт. Ин қатора аз Хуҷанд рӯзҳои чоршанбе ва аз Волгоград рузҳои шанбе сафар хоҳад кард.
Нахустин ҳаракати қатора аз Хуҷанд ба Волгоград рӯзи 7 сентябри соли равон тавассути қатораи №359/360 сурат мегирад.
Расонаҳои русӣ бо такя ба ширкати "Роҳи оҳани Русия" хабар медиҳанд, ки дар ояндаи наздик фурӯши чиптаҳо боз мешавад.
Ёдовар мешавем, ки шурӯъ аз 17 марти соли 2020 ҳаракати қатораҳо миёни Тоҷикистон ва Русия ба далели паҳни бемории коронавирус муваққатан қатъ шуда буд.