ВАЗОРАТИ НАҚЛИЁТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ "НАҚЛИЁТИ АВТОМОБИЛИ ВА ХИЗМАТРАСОНИИ ЛОГИСТИКИ"

Тадбирҳо дар самти мукамалсозии роҳу нақлиёт ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон бо дастовардҳо татбиқ мешаванд.

2022-07-19 08:22:53

        Инак дар ду моҳи оянда дар масири Кӯлоб – Кулма бунёди ду нақби мошингузар оғоз мегардад. Дар маҷмӯъ чиҷати фароҳам овардани шароити замонавии хизматрасонӣ дар самти роҳу нақлиёт дар ҳудуди ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Рушон, Шуғнон ва шаҳри Хоруғ бунёду навсозии роҳу пул ва нақбу долонҳои зидитармавӣ оғоз мегарданд. Ин тадбир барои таҳкими робитаҳои иқтисодӣ тиҷоратии Тоҷикистон бо дигар давлатҳо ва некӯаҳволии мардум мусоидат хоҳад кард. Идомаи бунёди 17 пули мошингузар дар ноҳияҳои Рӯшон, Мурғоб, Ванҷ, Дарвоз, охирон корҳои сохтмонӣ дар бунёди нақби мошингузар дар деҳаи Ширговади ноҳияи Дарвоз оғози амали корҳои сохтмонӣ дар роҳи қалъаи Хум Ванҷ асфалтпушкунии қабати дуюми роҳи автомобилгарди Шикев-Зиғар, ин натиҷаи амалишавии сиёсати созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти бунёди роҳу пул ва нақбҳо дар ВМКБ ҳамагӣ дар давоми чанд соли охир мебошад. Дар маҷмӯъ аз шаҳри Кӯлоб то ноҳияи Дарвоз роҳҳои душворгузару ноҳамвор дар замони истиқлоли давлатӣ бунёду навсозӣ карда шуд.  Дар идомаи сиёсати созандаи роҳбари давлат ҷиҳати ба пурагӣ раҳоӣ бахшидани Тоҷикистон аз бумбасти коммуникатсионӣ ва фароҳам овардани шароити замонавии хизматрасонӣ аз маркази ноҳияи Дарвоз то даромадгоҳи ноҳияи Рӯшон роҳ барои ҳаракат пурра ва ба талаботи байналмиллалӣ мутобиқ гардонида мешавад. Иншооти коммуникатсионӣ дар асоси таҷрибаи ҷаҳонӣ бо назардошти талабот дар шароити кӯҳистон сохта мешавад.  Дар солҳои истиқлоли давлатӣ, Тоҷикистон тавассути роҳи Душанбе- Кӯлоб-Қалъаи Хумб- Кулма робитаҳои тиҷоратӣ, иқтисодиро бо се давлат ва тавассути ин давлатҳо ба дигар мамлакатҳою бандарҳои ҷаҳонӣ таҳким бахшид. Бо назардошти ҳамин, имрӯз ҳадафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба он равона карда шудааст, ки бунёду навсозии роҳ, пул ва нақбҳоро дар ин массир дар асоси таҷрибаи ҷаҳонӣ бо маблағгузории маҳалӣ ва ҷалби сармоя зиёд намояд. Аллакай нақшаҳо барои бунёду навсозии роҳу пулҳо дар массири Душанбе куллан мушаххас карда шудааст ва тадриҷан фарогирии корҳои навсозӣ васеъ карда мешавад. Аз ҷумла то охири сол дар ҳамин массир бунёди долонҳои зиддитармавӣ дар ҳудуди ноҳияи Шуғнон бо дарозии 841 метр оғоз хоҳад шуд. Ҳамзамон дар шаҳри Хоруғ дар болои Дарёғун бо дарозии 200 метр пули мошингузар сохта мешавад.   Ҳамчунин, болои дарё пули пиёдагузар бошад соли равон пурра навсозӣ карда мешавад. Тавассути амалигардонии ҳамин гуна иқдомҳо имрӯз ҳадафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба он равона карда шудааст, ки сокинони вилояти Бадахшон дар самти хизматрасонии роҳу нақлиёт аз шароити замонавӣ баҳравар шаванд. Ҳамзамон,  дар ҳамин доира фарогирии шаҳрвандон ба ҷои кор бештар шуда, некуаҳолии мардум таъмин карда мешавад.  Умуман дар массири Душанбе-Кулма дар солҳои истиқлоли давлатӣ роҳу пул ва нақбҳои зиёд сохта шудаанд, ки истифодаи бо низоми он ба манфиати ҳар як истифодабаранда мебошад. Хусусан дар рӯзҳои фасли тобистон, ки ҳарорат баланд аст, бояд ронандагону мусофирон меъёри интиқолдиҳии борро ба инобат гирифта, дар соати муайяншуда ҳаракат намоянд. Зимни корҳои фаҳмондадиҳӣ аз тарафи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурати риояи ин талабот ба ронандагон ва мутахассисони ин самт фаъолияткунанда фаҳмонида шуд. Маҳз дар замони истиқлоли давлатӣ талошҳои пайгиронаи Роҳбари давлат ва маблағзуроии маҳалию ҷалби сармоя имкон фароҳам овард, ки Тоҷикистон аз бумбасти коммуникатсионӣ раҳо ёбад ва дар чор фасли сол ҳаракат ба чор самт таъмин шавад. Дар идомаи ҳамин талошҳо барои бунёду навсозии роҳ дар қисматҳои боқимондаи масири Душанбе-Кулма имкониятҳои дучанд сафарбар карда мешавад. Танҳо давоми ду моҳи оянда зиёда аз дусад техникаву механизмҳои нав ворид ва дар масири Душанбе-Кулма корҳои нақбканӣ, роҳсозӣ ва бунёди пулу долонҳои зиддитармавӣ дар чанд нуқта таҳким бахшида мешавад.