Ҳамкориҳо вусъат меёбад
2024-10-16 10:50:13
16 -ум октябр намояндагони Хадамоти давлатии
назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт ва Маркази бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси МД «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ» бо кормандони ҶДММ «Шоҳроҳи Бадахшон» ва ҶСК «Автокалона 2927» вохури баргузор
намуданд. Дар меҳвари вохӯрӣ таъмини иҷрои нишондиҳандаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, инчунин ба масъалаҳои риоя намудани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, ҳифзи ҳаёт ва саломатии шаҳрвандон, баланд бардоштани маърифати экологии ронандагон таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд. Ҳамчунин дар
вохӯрӣ моҳияти «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон гардидани соли 2024,
суханронӣ ва мулоқоти
Пешвои миллат бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар,
инчунин риояи муқаррароти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим», «Дар
бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» гуфта шуда, қайд гардид, ки мо шаҳрвандонро зарур аст, ки саъйу кӯшиш ба харҷ дода, баҳри пешрафту ободии Ватани маҳбубамон, таъмини амнияту суботи ҷомеа, пос доштани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон талош варзем.