Натиҷагирӣ аз фаъолияти Раёсати МД «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ» дар минтақаи Бохтар
2024-10-18 09:59:35
Дар Раёсати МД «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ» - и минтақаи Бохтар ҷаласаи ҷамъбастии нишондиҳандаҳои асосии раёсати мазкур дар 9 моҳи соли ҷорӣ
баргузор гардид, ки дар кори он намояндагон аз мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии
вилояти Хатлон, Раёсати хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт, филиали
КВД
"Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт" ва кормандон аз ҷамъиятҳои
нақлиёти автомобилӣ иштирок доштанд. Дар ҷаласа маълумот дода шуд, ки Раёсат барои беҳтар намудани ҳисоботи
омории нишондиҳандаҳои асосии соҳа, ҷамъиятҳои нақлиёти автомобилии ин минтақаро бо варақаҳои роҳхат ва борхат таъмин намуда, молу
маҳсулоте, ки аз минтақаи Бохтар содирот мешавад аз ҷониби
агент-экспедиторони раёсат дар доираи талаботҳои дастурамали вазифавӣ ба қайд гирифта мешаванд. Инчунин, намояндагони Раёсати МД «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ» ҷиҳати беҳтар намудани сатҳи хизматрасонӣ,
риояи талаботҳои қоидаҳои ҳаракат дар
роҳ ва санитарию
гигиенӣ бо
мусофирону ронандагони ҷамъиятҳои нақлиёти автомобилӣ кор
мебарад. Дар маҷлис таваҷҷуҳи
масъулин ба омодагии соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ барои фаъолияти мунатазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025 низ дода
шуд. Қайд гардид, ки дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон барои вусъат бахшидани корҳои омодагӣ барои тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025 нақша чорабиниҳо таҳия гардида, ҳар як соҳаро зарур аст
барои беталаф сипари намудани фасли сармо корҳои ба нақша гирифтаро дар сатҳи зарури анҷом диҳанд. Таъкид
гардид, ки соҳаи роҳу нақлиёт бояд ба фаъолияти муътадил ва самарабахш дар фасли зимистон пурра омода карда шавад.