Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон КВД «Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт», Маркази байналмилалии дипломатияи минтақавии нақлиётӣ ва КВД «Пажуҳишгоҳи Лоиҳакашии иншооти нақлиётӣ» -ро дар шаҳри Душанбе ба истифода доданд
2024-10-29 08:34:47
29 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар заминаи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии “Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт”, Маркази байналмилалии дипломатияи минтақавии нақлиётӣ ва КВД “Пажуҳишгоҳи Лоиҳакашии иншооти нақлиётӣ”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Нахуст Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо тарзи фаъолияти Корхонаи воҳиди давлатии “Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт” шинос шуданд.
Иншооти мазкур дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи амалисозии рақамикунонии соҳаи роҳу нақлиёт таъсис дода шудааст.
Бо амалӣ шудани низоми рақамии назорат имкон фароҳам гардид, ки ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар дурдасттарин минтақаҳо низ ба танзим дароварда мешавад.
Аз 30 модули рақамикунонӣ, ки дар вазорат мавҷуд аст, айни ҳол 13 модул ба монанди муҷаҳҳазсозии техникаҳои роҳсозӣ бо GPS ва назорати фаъолияти самараноки онҳо, инчунин пешгирии ҳаракати нақлиёти гаронвазн тавассути тарозуҳои замонавии динамикӣ ва пайваст ба марказ мавриди амал қарор дорад.
Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки таъсиси маркази тамос бо рақами кутоҳкардаи 8808 дар самти беҳтар кардани кору хизматрасонӣ муосидат намуда, раванди гирифтани иҷозатнома, рухсатнома, роҳхату борхат, мавҷудияти бор ё талаботро барои воситаи нақлиёт ҷиҳати интиқоли бор пешниҳод менамояд.
Маркази тамос имкон медиҳад, ки аз тамоми гушаву канори кишвар ва берун аз он фармоишҳо аз руи самтҳои боркашонӣ, мусофирбарӣ, гирифтани роҳхату борхат қабул гардида, саривақт иҷро шавад.
Марказ аз раёсатҳои Низоми идоракунии дороиҳои роҳ, Раёсати барномасозон ва амнияти иттилоотӣ, Раёсати низоми зеҳнии нақлиётӣ, ки дар ҷаҳон бо номи ITS маъмул аст ва Логистикаи рақамӣ иборат буда, ҳар як раёсат вобаста ба самти фаъолият, аз ҷумла баруйхатгирӣ ва шиносномакунонии пурраи дороиҳои роҳ, барномасозиҳои модулҳои рақамикунонии соҳа ва амалӣ намудани тамоми барномаҳое, ки дар асоси талаботи 30 модули соҳа таҳрезӣ шудаанд, имкон фароҳам месозад.
Системаи электронии марказ бо равзанаи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии инноватсия пайваст шуда, барои содда гардонидани раванди хизматрасонии нақлиётӣ мусоид мебошад.
Илова ба ин тамоми нақлиёти боркаш ва макони мавҷудияти бор бо таври электронӣ дар махзан ҷойгир шуда, тибқи фармоиши мизоҷон ва соҳибкорон бо хизматрасонӣ фаро гирифта мешаванд.
Дар ин замина дар самти ҳамкории байналмилалӣ низ пешравиҳои назаррасе ба миён омада аст.
Ҳамзамон ҳамкории зич бо Ҷумҳурии Исломии Покистон ба роҳ монда шуда, бор аз бандарҳои обӣ бемамониат ва бо нархи арзон дастрас мегардад.
Дар маҷмуъ фаъолияти марказ имкон медиҳад, ки тамоми хизматрасониҳои нақлиётӣ, ҳисоботи оморӣ, таҳлил ва банақшагирӣ ба таври электронӣ, шаффоф таъмин шавад ва амалҳои коррупсионию иқтисоди пинҳонӣ ба маротиб коҳиш ёбад.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти Маркази байналмилалии дипломатияи минтақавии нақлиётӣ низ, ки ҳадафи асосии ташкили он – омода намудани мутахассисону коршиносони соҳавии сатҳи байналмилалӣ барои иштирок дар гуфтушунидҳо, яъне баланд бардоштани савияи дониши дипломатии онҳо барои муаррифӣ, пешбурд ва ҳифзи манфиатҳои нақлиётии кишвар, инчунин таҳкими мавқеи нақлиётии ҷумҳуриӣ дар минтақа мебошад, шинос шуданд.
Барои пешбурди фаъолият дар ҳамкорӣ бо Маркази байналмилалии дипломатияи нақлиётии байналмилалӣ барои ҷалби сармояи хориҷӣ бо шарикони рушд ҳамкорӣ ба роҳ монда шуда, дар баробари ин, барои рушди ҳамкории мутақобила бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, тасмим аст, ки аз кишварҳои ҳамсоя ва шарик коршиносони варзида ба ҳайси ҳамоҳангсозони барномаҳои минбаъда ҷалб карда шаванд ва ҳамкории судманд барои коркарди сиёсати ягонаи минтақавии нақлиётӣ роҳандозӣ гардад.
Дар Вазорати нақлиёт бо иштироки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин озмоишгоҳи КВД “Пажуҳишгоҳи Лоиҳакашии иншооти нақлиётӣ” баъди навсозӣ ба фаъолият оғоз намуд.
Озмоишгоҳ аз бахшҳои озмоиши бетон ва регу шағал, асфалт ва қир, маводи кимиёвӣ, озмоиши экологӣ ва корҳои пеш аз лоиҳакашӣ иборат мебошад, ки бо таҷҳизоти наву замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шудаанд.
Ҳоло ба ғайр аз ин озмоишгоҳ дар ихтиёри худ боз ду озмоишгоҳи сайёри бо тамоми таҷҳизоту лавозимоти зарурии ташхисӣ муҷаҳҳаз, георадарҳои иктишофии замонавӣ дорад, ки имкониятҳои онро дар гузаронидани корҳои озмоишӣ ва назоратӣ боз ҳам беҳтар менамояд.
Таҷҳизоти зарурии замонавӣ ва иқтидори зеҳнию малакаи кормандон дар самти лоиҳакашӣ ба озмоишгоҳ имкон медиҳад, оид ба муайян намудани хосиятҳои физикию механикии хок, бетон, маснуоти оҳану бетонӣ, асфалт, қири нафтӣ, хокаи минералӣ, шағал, рег, об ва ҷинсҳои кӯҳӣ санҷишҳо гузаронда, рақаму далел ва маълумоти заруриро ба лоиҳакашҳо пешниҳод намоянд.
Дар доираи гузаронидани озмоишҳо бо истифодаи таҷҳизоти маъмулии анъанавӣ ва муосири технологӣ бо услуби мухталиф аз интихоб, ҷудо кардан ва дастрас намудани маводи намунавӣ то пешниҳоди хулоса, зиёда аз 100 намуд амалиёти санҷишӣ гузаронида мешавад.
Ҳамчунин дар даромадгоҳи вазорати нақлиёт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши техника ва таҷҳизоти соҳавии муосири роҳсозиву назоратӣ, дидан намуданд.Сохторҳои нави ҳамқадами замон низоми фаъолият ва раванди хизматрасониҳоро дар соҳаи роҳу нақлиёт ба стандартҳои байналмиллалӣ мутобиқ гардонида, омили рушди бонизом мебошад, ки пайваста бо дастовардҳои намоён ба қайд гирифта мешаванд.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»